Супориши Раҳмон ба сохторҳои қудратӣ: тақвияти ҳифзи марз

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Обуна шудан
Президент дастур дод, ки мубориза бо ҷинояткорӣ бахусус, ҷиноятҳои алоқаманд бо экстремизму терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пурзӯр карда шавад
ДУШАНБЕ, 10 май - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон дастур додааст, ки ба ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон тақвият бахшида шавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ҷаласаи корӣ ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мудофиаи кишвар вобаста ба авзои кунунии сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон супоришҳои қатъӣ дод.
"Роҳбарони сохторҳои мазкур ба андешидани тадбирҳои амниятӣ ва тақвияти ҳифзи марзҳои кишвар, мубориза бо ҷинояткорӣ бахусус, ҷиноятҳои алоқаманд бо экстремизму терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир вазифадор шуданд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ҷаласаи корӣ

Ёдрас мешавем, имрӯз перзиденти Тоҷикистон бо аъзои Ҳукумат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷаласаи корӣ доир намуд.
Сарвари давлат ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни тадбирҳои омодагӣ ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи амалии барномаҳои давлатии рушди соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат ва ғайра дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан, 17 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Дар Афғонистон боз ду таркиши дигар рух дод
Ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид маъракаи кишту кори баҳориро ҳарчи зудтар ба анҷом расонида, ҷиҳати сари вақт дастрас намудани нуриҳои минералӣ, техника ва мошинолоти кишоварзӣ, ба кор даровардани заминҳои бекорхобида, бо омодагии комил ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода аз ҳама имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Вазъ дар Афғонистон

Ёдрас мешавем, чанд рӯзи ахир вазъи кишвари Афғонистон печидатар мегардад.
Тавре пештар хабар дода шуд, дирӯз дар Кобул дар пайи як ҳамлаи террористии мудҳиш дар мактаби духтарона ҳудуди 63 толибилм кушта шуданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Ашраф Ғанӣ
8 майи соли равон дар Кобул назди бинои мактаби духтарона нахуст мошини ҳомили маводи тарканда мунфаҷир шуд ва сипас ду ҳамлаи мушакии дигар сурат гирифт. Ба гуфтаи муаллимони ин боргоҳ, ҳамла замоне рух дод, ки толибилмон аз бинои макотиб нав ба берун баромаданд.
Бояд гуфт, ки ин нахустин ҳамлаи бузурги террористӣ пас аз оғози хуруҷи нерӯҳо ИМА ва НАТО аз Афғонистон набуда, ҳанӯз рӯзи 30 апрел бар асари таркиши бомба дар хобгоҳи вилояти Лоҳур дасти кам 30 нафар кушта шуданд.
Расонҳои кишвар имрӯз низ аз рух додани ду инфиҷор дар шарқи Афғонистон хабар доданд.
Лентаи хабарҳо
0