Шарҳи Тошиев дар бораи долон ба Ворух, харитаҳои пешин ва гуфтушуниди алоҳида

© акс аз саҳифаи Откурбек РахмановҚамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон
Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Обуна шудан
Қамчибек Тошиев, раиси Комиссияи ҳукуматӣ ва КДАМ Қирғизистон созишнома бо Тоҷикистонро шарҳ дода, таъкид намудааст, ки ҳеч гуна долон ба Ворух дода нашудааст
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Дар пайи нашри иддао дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки Тошиев ба Тоҷикистон долон ба Ворух додааст, раиси КДАМ Қирғизистон бо як баёния қазияро шарҳ дод.
Тошиев дар изҳороте, ки ёрдамчияш Откурбек Раҳмонов нашр кардааст, изҳор медорад, ки ҳеч гуна долон барои Тоҷикистон ба Ворух дода нашудааст. Ӯ таъкид намудааст, ки дар мавриди Ворух бо Тоҷикистон созишномаи алоҳида ва дар қисматҳои дигари марз созишномаи алоҳида хоҳад шуд.
Ӯ таъкид намудааст, ки истифодаи харитаҳои солҳои 1924, 1927 ва 1989 ба аломатгузории қисматҳои алоҳидаи марз дахл дошта, ба Ворух рабте надоранд.

“Барои ҳаракати молу шаҳрвандони Тоҷикистон роҳ аз қисмати шарқии деҳаи Капчигай истифода хоҳад шуд, ки таҳти маъмурияти ноҳияи Бодканд қарор хоҳад дошт ва дар санад ин рӯшан дарҷ шудааст. Мақоми он бо созишномаи алоҳидаи байнидавлатӣ муайян хоҳад шуд”, - изҳор доштааст Тошиев, раиси Комиссияи ҳукуматии Қирғизистон.

Ӯ афзуд, ки роҳро барои истифода танҳо баъди аломатгузории пурраи минтақаҳои атрофи Ворух хоҳанд дод.
“Дар мавриди Ворух гуфтушуниди алоҳида хоҳад шуд. Дар бораи минтақаҳои дигари сарҳад, созишномаи алоҳида таҳия мешавад”, - тавзеҳ дод Тошиев.
Ӯ дар хитоб ба шаҳрвандон онҳоро ба таҳаммулпазирӣ даъват намуда, хостааст, аз паҳни иттилои беасос худдорӣ намоянд.

“Биёед таҳаммулпазир бошему иттилои бепояро паҳн насозем. Бароямон аз давлати дигар ягон метр замин даркор нест, аммо аз худамонро ҳам намедиҳем. Мо ҳамроҳи роҳбарияти Қирғизистон ба ин мавқеъ то охир меистем”, - изҳор доштаст Тошиев.

Рӯзи гузашта изҳороти муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, зери имзои Тошиев ва ҳамтои тоҷикаш Саймуъмин Ятимов нашр гардид, ки дар он омадааст:
Музокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Роҳ ба Ворух ва оғози тақсимот: тафсилоти созиши Ятимов ва Тошиев - санад
“Дар ин ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки то анҷоми делимитатсия, демаркатсия ва барасмиятдарории қонунии Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, барои ҳаракати бемонеаи шаҳрвандон, убуру мурури воситаҳои нақлиёт ва молҳои Тоҷикистон тариқи Қирғизистон, ҷонибҳо роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло - Ворух”-ро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчигай) муштарак месозанд ва Тоҷикистон онро истифодаву нигоҳдорӣ мекунад. Мақоми ин роҳ дар як созишномаи алоҳидаи давлатӣ миёни ду кишвар муайян хоҳад шуд”, - омадааст дар санад.
Инчунин созиш шудааст, ки дар қисматҳои аз нуқтаи сарҳадии № 43 то нуқтаи сарҳадии № 61 ва аз нуқтаи сарҳадии №135 то нуқтаи сарҳадии №141 аз аснод ва маводи марзбандии миллию ҳудудии солҳои 1924 - 1927 ва комиссияи паритетии соли 1989 истифода хоҳад шуд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0