https://sputnik.tj/20210510/putin-jabborov-marz-tojikiston-qirghiziston-1039349738.html
Путин бо Ҷабборов масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кард
Путин бо Ҷабборов масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки Содир Ҷабборов охири моҳи май ба Маскав сафар мекунад 10.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-10T15:46+0500
2021-05-10T15:46+0500
2021-06-10T13:43+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
дар русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/18/1032883122_0:0:2861:1609_1920x0_80_0_0_e6278a3d0358a065ce9b6c882a608c11.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май - Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Садир Ҷабборов ва президенти Русия Владимир Путин таниши марзии Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ карданд.Дар бораи сӯҳбати телефонии сарони ду кишвар хадамоти матбуоти раҳбари Қирғизистон хабар додааст.Роҳбарони давлатҳо инчунин масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Хабар дода мешавад, ки Содир Ҷабборов дар охири моҳи май ба Маскав парвоз хоҳад кард. Хадамоти матбуоти сарвари давлат тавзеҳ медиҳад, ки мавзӯъҳои асосии мулоқоти қарибулвуқӯи Путин ва Ҷаббоов ҳамкорӣ ба манфиати таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи СПАД, ИДМ ва СҲШ, инчунин мубориза бар зидди коронавирус мебошад.Ёдрас мешавем, ахиран раисҷумҳури Қирғизистон моҳи феврал ба Русия сафар карда буд. Ҷонибҳо масоили муҳоҷират, тиҷорат, тандурустӣ ва фарҳангиро баррасӣ карда буданд.Таниш дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонЁдовар мешавем, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
https://sputnik.tj/20210509/vladimir-putin-emomali-rahmon-ruzi-galaba-1039332014.html
https://sputnik.tj/20210509/bozdid-ahmadzoda-sohtmon-manzilho-harobshuda-1039337849.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/18/1032883122_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_f9988fb3e3c9fc51fd50f0a8aee8d4cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, дар русия, сиёсат
дар ҷаҳон, дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, дар русия, сиёсат
Путин бо Ҷабборов масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кард
15:46 10.05.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки Содир Ҷабборов охири моҳи май ба Маскав сафар мекунад
ДУШАНБЕ, 10 май - Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Садир Ҷабборов ва президенти Русия Владимир Путин таниши марзии Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Дар бораи сӯҳбати телефонии сарони ду кишвар хадамоти матбуоти раҳбари Қирғизистон хабар додааст.
Роҳбарони давлатҳо инчунин масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Путин таъкид кардааст, ки Русия омода аст ба Қирғизистон дар рафъи оқибатҳои муноқишаи марзӣ кумаки башардӯстона расонад.
Хабар дода мешавад, ки Содир Ҷабборов дар охири моҳи май ба Маскав парвоз хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти сарвари давлат тавзеҳ медиҳад, ки мавзӯъҳои асосии мулоқоти қарибулвуқӯи Путин ва Ҷаббоов ҳамкорӣ ба манфиати таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи СПАД, ИДМ ва СҲШ, инчунин мубориза бар зидди коронавирус мебошад.
Ёдрас мешавем, ахиран раисҷумҳури Қирғизистон моҳи феврал ба Русия сафар карда буд. Ҷонибҳо масоили муҳоҷират, тиҷорат, тандурустӣ ва фарҳангиро баррасӣ карда буданд.
Таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ёдовар мешавем, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.