Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Мақомоти Туркия маҳдудияти сартосарӣ ҷорӣ мекунад: аз кай то кай?

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкГород Стамбул, архивное фото
Город Стамбул, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Обуна шудан
Ба гуфти Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сафарҳои байнишаҳрӣ танҳо бо иҷозаи ҳатмӣ сурат мегирад ва нақлиёти ҷамъиятӣ набояд аз 50% зиёдтар пур бошад.
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Туркия аз 29 апрел то 17 май бо сабаби паҳншавии густурдаи коронавирус дар кишвар маҳдудияти шадид ҷорӣ мекунад.
Дар ин бора президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни баргузории ҷаласаи ҳукуматаш изҳор доштааст.

"Аз соати 19.00 рӯзи 29 апрел то 05.00 -и 17 май локдауни пурра ҷорӣ карда мешавад. Ҳама идораҳо ва ҷойҳои корӣ, ба истиснои корхонаҳое, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар алоҳидагӣ муайян кардааст, баста мешаванд."

Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон
Раҷаб Тайиб Эрдуғон
президент
Ба гуфти кишвардор, сафарҳои байнишаҳрӣ танҳо бо иҷозати ҳатмӣ сурат мегирад ва нақлиёти ҷамъиятӣ набояд аз 50% зиёдтар пур бошад.
Интизор меравад, ки чунин тадбирҳо ба коҳиши бемории COVID-19 дар кишвар дар як рӯз то панҷ ҳазор ҳолат мусоидат мекунад.
Флаги Турции и ЕС в Стамбуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Туркия маҳдудияти серӯза ҷорӣ кард: баромадан аз хона манъ аст
Дар шароити маҳдудияти шадид, дарсҳо дар кӯдакистонҳо ва мактабҳо лағв карда мешаванд.
Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба таҳсили онлайн мегузаранд ва имтиҳонҳо то беҳтар шудани вазъи ҳамагирӣ дар кишвар ба таъхир гузошта мешаванд.
Тоҷикистон назоратҳои беҳдоштӣ бар вуруди мусофиронро ташдид кард
Ғайр аз ин, ҳукумати Туркия шомгоҳон ва шабона соати комендантӣ ҷорӣ карда, меҳмонхонаҳоро вазифадор кард, ки барои қайду фармоиши пешакиро бекор кунанд.
Тибқи иттилои сафорати Ӯзбекистон дар Анқара, қоидаҳои қаблан ҷоришуда барои вуруди хориҷиҳо аз ҷониби мақомоти Туркия то 31 майи соли 2021 тамдид карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0