https://sputnik.tj/20210509/qatli-lukoshenka-qudrat-belorus-1039336837.html
Коршинос гуфт, дар сурати қатли эҳтимолии Лукашенко қудрат ба дасти кӣ мегузарад
Коршинос гуфт, дар сурати қатли эҳтимолии Лукашенко қудрат ба дасти кӣ мегузарад
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи якшанбе хадамоти матбуоти президенти Белорус аз имзо шудани фармони президент "Дар бораи ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва сохти конститутсионӣ" эълом кард.
2021-05-09T16:01+0500
2021-05-09T16:01+0500
2021-07-21T18:58+0500
сиёсат
амният ва мудофиа
белорус
александр лукашенко
коршинос
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1c/1031809725_0:0:2894:1628_1920x0_80_0_0_d8bf178ca9574aec9ab76ce419082866.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Александр Шатко муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Белая Рус" мегӯяд, фармони президенти Белорус Александр Лукашенко, ки тибқи он қудрат дар ҳолати фавқулода ба таври автоматӣ ба Шӯрои Амният мегузарад, "саргармҳо" - ро ором хоҳад кард, зеро ҳатто дар сурати истеъфои ногаҳонии сарвари давлат, тағйироте, ки "қисме аз эътирозгарон съай мекунанд" нахоҳад буд.Рӯзи якшанбе хадамоти матбуоти президенти Белорус аз имзо шудани фармони президент "Дар бораи ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва сохти конститутсионӣ" эълом кард.Фармон аз лаҳзаи имзо шуданаш эътибор пайдо мекунад. "Дар ин ҳуҷҷат пешбинӣ шудааст, ки дар сурати фавти сарвари давлат дар натиҷаи сӯиқасд, амали террористӣ, таҷовузи беруна ё дигар амалҳои зӯроварона, ҳамаи мақомоти давлатӣ зери қудрати Шӯрои Амният мегузаранд ва дар кишвар фавран вазъияти фавқулодда ё вазъи ҳарбӣ ҷорӣ карда мешавад", - шарҳ додааст котибот."Ман фикр мекунам, ки дар ин вазъ, вақте ки дар бораи кӯшиши сӯиқасд ба ҷони сарвари давлат ва аъзои оилаи ӯ, ҳатто барои ҷомеаи Белорус, ин фармони мусбат ва муқаррарӣ мебошад - ин фармон ҳамчун унсури амният хизмат хоҳад кард ва як қатор саргармҳоро каме ором хоҳад намуд. Масалан, қисме аз эътирозгарон билохира дарк хоҳанд кард, ки бо рафтани сарвари кунунии Белорус, тағйироте, ки онҳо орзу доранд, нахоҳад шуд", -, гуфт Шатко бдар суҳбат бо РИА Новости. Ӯ афзуд, ки шахсони мансабдоре, ки Шӯрои Амниятро дар Белорус ташкил медиҳанд, "аз қадимулайём маъруфанд," ин одамон "худро аз паҳлӯҳои гуногун, аз ҷумла ҳамчун роҳбарони арзанда нишон доданд". "Миёни онҳо генералҳои артиш ва роҳбарони як қатор сохторҳо ҳастанд ... Маҳз ҳамин одамон дар авҷи муборизаи имрӯза бо намудҳои гуногуни бӯҳрон қарор доранд. Ба онҳо эътимод ҳаст", - гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.Ҳамин тариқ, Шатко хулоса кард, ки "дар сурати мушкилоти глобалӣ дар ҷумҳурӣ, ҳоло қудрати мушаххасе вуҷуд дорад ва нофаҳмиҳое, ки дар баъзе кишварҳо замони аз сари қудрат рафтани як раҳбари сиёсӣ сар заданд, дар Белорус бешубҳа нахоҳад буд.Нимаи моҳи март, Лукашенко, бо фармони худ, ҳайати аъзои доимии Шӯрои Амнияти Белорусро васеъ кард. Ба он иловатан вазири корҳои дохилӣ Иван Кубраков, вазири мудофиа Виктор Хренин ва инчунин раиси Кумитаи амнияти давлатӣ Иван Тертел. То ин дам аъзоёни доимии он - сарвазири кишвар Роман Головченко, раисони палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумон Наталя Кочанова ва Владимир Андрейченко, роҳбари дастгоҳи президент Игор Сергеенко ва котиби давлатии Шӯрои Амният Александр Волфович буданд.Дар баробари ин, раиси Суди Олӣ Валентин Сукало, роҳбари Кумитаи Назорати Давлатӣ Василий Герасимов, раиси Бонки Миллӣ Павел Каллаур, роҳбари Кумитаи тафтишот Дмитрий Гора, раҳбари Кумитаи ҳарбӣ-саноатӣ Дмитрий Пантус, раиси Кумитаи давлатии марзбонӣ Анатолий Лаппо, прокурори генералӣ Андрей Швед, вазири корҳои хориҷӣ Владимир Макей, вазири молия Юрий Селиверстов, вазири ҳолатҳои фавқулодда Вадим Синявский ва сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ - муовини аввал вазири мудофиа Виктор Гулевич ба Шӯрои амният дохил мешаванд.Ёдрас мешавем, ки Александр Лукашенко президенти Белорус, рӯзи 17 апрел аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки сӯиқасд ба ҷони ӯ ва фарзандонашро омода мекарданд. Ба гуфти кишвардор, дар ин кор хадамоти махсуси ИМА даст доранд. Ҳамзамон, ба ин гурӯҳ ҳам шаҳрвандони Белорус ва ҳам хориҷиёне шомил буданд, ки ба гуфти КГБ-и ҷумҳурӣ, илова бар нобудсозии Лукашенко, мехостанд бо исёни мусаллаҳона ҳокимиятро бо роҳи зӯрӣ ба даст оранд.
https://sputnik.tj/20210425/lukashenko-prezident-hukumat-1039023020.html
https://sputnik.tj/20210422/kreml-suiqasd-lukashenko-hamgiroi-1038959134.html
https://sputnik.tj/20210421/putin-tazohurot-belorus-suiqasd-lukashenko-1038889782.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1c/1031809725_334:0:2894:1920_1920x0_80_0_0_b20288b7ef37e051fd54645d45f6a2e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос,, қудрат, белорус, сиёсат, сӯиқасд
коршинос,, қудрат, белорус, сиёсат, сӯиқасд
Коршинос гуфт, дар сурати қатли эҳтимолии Лукашенко қудрат ба дасти кӣ мегузарад
16:01 09.05.2021 (Навсозишуда: 18:58 21.07.2021) Коршинос фармони президенти Белорус Александ Лукашенкоро шарҳ дода, гуфт, дар сурати қатли эҳтимолии кишвардор қудрат ба дасти кӣ мегузарад
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Александр Шатко муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Белая Рус" мегӯяд, фармони президенти Белорус Александр Лукашенко, ки тибқи он қудрат дар ҳолати фавқулода ба таври автоматӣ ба Шӯрои Амният мегузарад, "саргармҳо" - ро ором хоҳад кард, зеро ҳатто дар сурати истеъфои ногаҳонии сарвари давлат, тағйироте, ки "қисме аз эътирозгарон съай мекунанд" нахоҳад буд.
Рӯзи якшанбе хадамоти матбуоти президенти Белорус аз имзо шудани фармони президент "Дар бораи ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва сохти конститутсионӣ" эълом кард.
Фармон аз лаҳзаи имзо шуданаш эътибор пайдо мекунад.
"Дар ин ҳуҷҷат пешбинӣ шудааст, ки дар сурати фавти сарвари давлат дар натиҷаи сӯиқасд, амали террористӣ, таҷовузи беруна ё дигар амалҳои зӯроварона, ҳамаи мақомоти давлатӣ зери қудрати Шӯрои Амният мегузаранд ва дар кишвар фавран вазъияти фавқулодда ё вазъи ҳарбӣ ҷорӣ карда мешавад", - шарҳ додааст котибот.
"Ман фикр мекунам, ки дар ин вазъ, вақте ки дар бораи кӯшиши сӯиқасд ба ҷони сарвари давлат ва аъзои оилаи ӯ, ҳатто барои ҷомеаи Белорус, ин фармони мусбат ва муқаррарӣ мебошад - ин фармон ҳамчун унсури амният хизмат хоҳад кард ва як қатор саргармҳоро каме ором хоҳад намуд. Масалан, қисме аз эътирозгарон билохира дарк хоҳанд кард, ки бо рафтани сарвари кунунии Белорус, тағйироте, ки онҳо орзу доранд, нахоҳад шуд", -, гуфт Шатко бдар суҳбат бо
РИА Новости. Ӯ афзуд, ки шахсони мансабдоре, ки Шӯрои Амниятро дар Белорус ташкил медиҳанд, "аз қадимулайём маъруфанд," ин одамон "худро аз паҳлӯҳои гуногун, аз ҷумла ҳамчун роҳбарони арзанда нишон доданд".
"Миёни онҳо генералҳои артиш ва роҳбарони як қатор сохторҳо ҳастанд ... Маҳз ҳамин одамон дар авҷи муборизаи имрӯза бо намудҳои гуногуни бӯҳрон қарор доранд. Ба онҳо эътимод ҳаст", - гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.
Ҳамин тариқ, Шатко хулоса кард, ки "дар сурати мушкилоти глобалӣ дар ҷумҳурӣ, ҳоло қудрати мушаххасе вуҷуд дорад ва нофаҳмиҳое, ки дар баъзе кишварҳо замони аз сари қудрат рафтани як раҳбари сиёсӣ сар заданд, дар Белорус бешубҳа нахоҳад буд.
Нимаи моҳи март, Лукашенко, бо фармони худ, ҳайати аъзои доимии Шӯрои Амнияти Белорусро васеъ кард. Ба он иловатан вазири корҳои дохилӣ Иван Кубраков, вазири мудофиа Виктор Хренин ва инчунин раиси Кумитаи амнияти давлатӣ Иван Тертел.
То ин дам аъзоёни доимии он - сарвазири кишвар Роман Головченко, раисони палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумон Наталя Кочанова ва Владимир Андрейченко, роҳбари дастгоҳи президент Игор Сергеенко ва котиби давлатии Шӯрои Амният Александр Волфович буданд.
Дар баробари ин, раиси Суди Олӣ Валентин Сукало, роҳбари Кумитаи Назорати Давлатӣ Василий Герасимов, раиси Бонки Миллӣ Павел Каллаур, роҳбари Кумитаи тафтишот Дмитрий Гора, раҳбари Кумитаи ҳарбӣ-саноатӣ Дмитрий Пантус, раиси Кумитаи давлатии марзбонӣ Анатолий Лаппо, прокурори генералӣ Андрей Швед, вазири корҳои хориҷӣ Владимир Макей, вазири молия Юрий Селиверстов, вазири ҳолатҳои фавқулодда Вадим Синявский ва сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ - муовини аввал вазири мудофиа Виктор Гулевич ба Шӯрои амният дохил мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки Александр Лукашенко президенти Белорус, рӯзи 17 апрел аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки сӯиқасд ба ҷони ӯ ва фарзандонашро омода мекарданд.
Ба гуфти кишвардор, дар ин кор хадамоти махсуси ИМА даст доранд. Ҳамзамон, ба ин гурӯҳ ҳам шаҳрвандони Белорус ва ҳам хориҷиёне шомил буданд, ки ба гуфти КГБ-и ҷумҳурӣ, илова бар нобудсозии Лукашенко, мехостанд бо исёни мусаллаҳона ҳокимиятро бо роҳи зӯрӣ ба даст оранд.