https://sputnik.tj/20210509/putin-du-prezident-pasoshurav-ruzi-piruzi-1039339569.html
Путин ду президенти кишварҳои пасошӯравиро бо Рӯзи Пирӯзӣ табрик накард
Путин ду президенти кишварҳои пасошӯравиро бо Рӯзи Пирӯзӣ табрик накард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия ба сокинони ин кишварҳо табрикот фиристод, аммо раҳбарони онҳоро нодида гирифт.
2021-05-09T18:00+0500
2021-05-09T18:00+0500
2021-05-09T18:00+0500
сиёсат
президент
ҷбв
табрикот
иҷшс
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039332897_0:0:2960:1665_1920x0_80_0_0_129fd7bc0eeb3845a90c1c2f1c0e9bc8.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik Президенти Русия Владимир Путин ба сарони кишварҳои собиқ ИҶШС табрикот ирсол кард, аммо миёни онҳо исми президентҳои Украина ва Гурҷистон набуд. Паёмҳо ба муносибати 76-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби роҳбарон ва шаҳрвандони Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Абхазистон, Осетияи Ҷанубӣ ва инчунин халқҳои Гурҷистон ва Украина, гуфта мешавад дар сайти Кремл. Исми президенти Украина Володимир Зеленский ва кишвардори Гурҷистон Саломе Зурабишвили дар феҳраст нестанд. "Имрӯз вазифаи ахлоқии мо аз он иборат аст, ки хотираи рӯйдодҳои он солҳои сахтро бодиққат ҳифз намоем ва ба наслҳои ҷавон расонем. Мо бояд ба ҳама гуна кӯшиши таҳриф ва сохтакории таърих, таҷдиди назар кардани натиҷаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, асоснок кардани ваҳшигариҳои даҳшатноке, ки фашистон ва пайравони онҳо содир кардаанд, муқовимат намоем", - гуфт, Владимир Путин. Ба гуфти кишвардори Русия, анъанаҳои дӯстии бародарона ва кӯмаки тарафайн, ки дар солҳои ҷанг мустаҳкам шуданд, барои бунёд ва рушди муносибатҳои созанда ва неки ҳамсоягии байни кишварҳои пасошӯравӣ ва халқҳои онҳо заминаи мустаҳкам буданд ва мебошанд. Путин ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнаткашони ақибгоҳ изҳори сипос кард ва ба онҳо саломатӣ, сарбаландӣ, рӯҳияи хуб ва умри дароз орзу кард.
https://sputnik.tj/20210508/1039326246.html
https://sputnik.tj/20210509/putin-sahm-tojikon-dar-jbv-arzyobi-1039327782.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039332897_229:0:2960:2048_1920x0_80_0_0_9b4357eda9a5b6aacdb3cc01652b92db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, ду президент, кишварҳои пасошӯравӣ, рӯзи пирӯзӣ табрик накард
путин, ду президент, кишварҳои пасошӯравӣ, рӯзи пирӯзӣ табрик накард
Путин ду президенти кишварҳои пасошӯравиро бо Рӯзи Пирӯзӣ табрик накард
Президенти Русия ба сокинони ин кишварҳо табрикот фиристод, аммо раҳбарони онҳоро нодида гирифт.
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik Президенти Русия Владимир Путин ба сарони кишварҳои собиқ ИҶШС табрикот ирсол кард, аммо миёни онҳо исми президентҳои Украина ва Гурҷистон набуд.
Паёмҳо ба муносибати 76-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби роҳбарон ва шаҳрвандони Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Абхазистон, Осетияи Ҷанубӣ ва инчунин халқҳои Гурҷистон ва Украина, гуфта мешавад дар сайти Кремл.
Исми президенти Украина Володимир Зеленский ва кишвардори Гурҷистон Саломе Зурабишвили дар феҳраст нестанд.
"Имрӯз вазифаи ахлоқии мо аз он иборат аст, ки хотираи рӯйдодҳои он солҳои сахтро бодиққат ҳифз намоем ва ба наслҳои ҷавон расонем. Мо бояд ба ҳама гуна кӯшиши таҳриф ва сохтакории таърих, таҷдиди назар кардани натиҷаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, асоснок кардани ваҳшигариҳои даҳшатноке, ки фашистон ва пайравони онҳо содир кардаанд, муқовимат намоем", - гуфт, Владимир Путин.
Ба гуфти кишвардори Русия, анъанаҳои дӯстии бародарона ва кӯмаки тарафайн, ки дар солҳои ҷанг мустаҳкам шуданд, барои бунёд ва рушди муносибатҳои созанда ва неки ҳамсоягии байни кишварҳои пасошӯравӣ ва халқҳои онҳо заминаи мустаҳкам буданд ва мебошанд.
Путин ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнаткашони ақибгоҳ изҳори сипос кард ва ба онҳо саломатӣ, сарбаландӣ, рӯҳияи хуб ва умри дароз орзу кард.