https://sputnik.tj/20210509/tojikon-qirghiziston-deport-1039328962.html
Тоҷикистониёнро аз Қирғизистон депорт мекунанд? шарҳи Вазорати корҳои дохилӣ
Тоҷикистониёнро аз Қирғизистон депорт мекунанд? шарҳи Вазорати корҳои дохилӣ
Sputnik Тоҷикистон
Баъзе расонаҳо хабар доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Қирғизистон ихроҷ мекунанд. Вазорати корҳои дохилӣ ин маълумотро шарҳ дод.
2021-05-09T10:49+0500
2021-05-09T10:49+0500
2021-05-09T10:51+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
сиёсат
амният ва мудофиа
қирғизистон
осиёи марказӣ
баҳси марзӣ
депорт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/26/1028692615_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_4098ef5f5a1c6062d934b39a5f5f0a08.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон маълумот дар бораи депорти шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварро рад кард, менасивад Sputnik Қирғизистон. Тибқи иттилои хадамоти матбуотии ин ниҳод, гузоришҳо дар бораи ихроҷ дар бархе аз расонаҳо нашр шудааст. Қайд карда мешавад, ки ихроҷкунӣ танҳо пас аз адои ҷазо имконпазир мешавад.Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонВазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.Путин муноқишаи марзии тоҷикону қирғизҳоро бо Мирзиёев баррасӣ кардБишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
https://sputnik.tj/20210509/imzo-protokol-marzi-tojkistonu-qirghiziston-1039328558.html
https://sputnik.tj/20210503/toshiev-protokol-chi-navishtaand-tojikiston-qirgiziston-1039230079.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/26/1028692615_142:0:1778:1227_1920x0_80_0_0_52093c391d30fa29d916e173a523a838.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикон, қирғизистон, депорт, тоҷикистон, таниши марзӣ
тоҷикон, қирғизистон, депорт, тоҷикистон, таниши марзӣ
Тоҷикистониёнро аз Қирғизистон депорт мекунанд? шарҳи Вазорати корҳои дохилӣ
10:49 09.05.2021 (Навсозишуда: 10:51 09.05.2021) Баъзе расонаҳо хабар доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Қирғизистон ихроҷ мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ин маълумотро шарҳ дод.
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон маълумот дар бораи депорти шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварро рад кард, менасивад
Sputnik Қирғизистон.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии ин ниҳод, гузоришҳо дар бораи ихроҷ дар бархе аз расонаҳо нашр шудааст.
"Маълумот ба воқеият мувофиқат намекунад. Дар қонунгузории Қирғизистон ягон мафҳуми "депортатсия" вуҷуд надорад - истилоҳи "ихроҷкунӣ" аст. Агар як шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Қирғизистон рафтори бад ё ҷиноят содир кунад, бо қарори суд вай метавонад аз қаламрави кишвар хориҷ карда шавад", - омадааст дар иттилоияи ВКД.
Қайд карда мешавад, ки ихроҷкунӣ танҳо пас аз адои ҷазо имконпазир мешавад.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.