https://sputnik.tj/20210508/sabuki-dehqonon-gumrukchiyon-jubron-voridoti-gumruk-1039325746.html
Сабукӣ ба деҳқононро гумрукчиён ҷуброн мекунанд: нақшаи воридоти гумрукӣ зиёд шуд
Сабукӣ ба деҳқононро гумрукчиён ҷуброн мекунанд: нақшаи воридоти гумрукӣ зиёд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тасмим гирифтааст, сабукиҳоеро, ки соли равон ба деҳқонон дод, аз ҳисоби гумрукчиён ҷуброн кунад
2021-05-08T18:05+0500
2021-05-08T18:05+0500
2021-05-08T18:05+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
буҷа
нақша
гумрук
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/12/1032850890_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_c0787ea417419756622aac14861a1fbe.jpg
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Холигии буҷаро, ки аз ҳисоби сабукиҳо ба деҳқонон дар соли 2021 ба вуҷуд меояд, гумрукчиён ҷуброн хоҳанд кард. Кишоварзони тоҷик бо мақсади таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ дар шароити бемории сироятии фарогири COVID -19 барои соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда мешаванд. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни суҳбат дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, барои ҷуброни ихтисори ин сарчашмаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ дар маҷмуъ 139,8 миллион сомонӣ равона мегардад. Аз ҷумла ба буҷаи ВМКБ дар ҳаҷми 1,2 миллион сомонӣ, вилояти Хатлон 49,1 миллион сомонӣ, Суғд 64,4 миллион сомонӣ, шаҳри Душанбе 1,5 миллион сомонӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 23,6 миллион сомонӣ кумаки молиявии беподош аз буҷети ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегардад, иттилоъ дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли вазири молия. Дар зимн бо пешниҳоди вазири молия ва ҷонибдории вакилон нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 139,8 миллион сомонӣ зиёд карда шуд. Қаҳҳорзода дар шарҳи афзудани нақшаи воридоти гумрукӣ изҳор дошт, ки ин ҷо дурнамои афзоиши ҳаҷми воридот, арзиши гумрукии мол дар соли 2021 ва тағйирёбии қурби миёнасолонаи пули миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ то охири соли молиявӣ ба назар гирифта шудааст. Дар пайи муаррифии вазир, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйироти дахлдорро ба қонуни буҷа барои соли 2021 қабул кард.
https://sputnik.tj/20210210/Sabuki-vazir-kishovarzon-sarfa-1032794628.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/12/1032850890_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_af1b7eb04fb00c2b71cac8af052c874a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақша, даромад, буҷа
Сабукӣ ба деҳқононро гумрукчиён ҷуброн мекунанд: нақшаи воридоти гумрукӣ зиёд шуд
Тоҷикистон тасмим гирифтааст, сабукиҳоеро, ки соли равон ба деҳқонон дод, аз ҳисоби гумрукчиён ҷуброн кунад
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Холигии буҷаро, ки аз ҳисоби сабукиҳо ба деҳқонон дар соли 2021 ба вуҷуд меояд, гумрукчиён ҷуброн хоҳанд кард.
Кишоварзони тоҷик бо мақсади таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ дар шароити бемории сироятии фарогири COVID -19 барои соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда мешаванд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни суҳбат дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, барои ҷуброни ихтисори ин сарчашмаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ дар маҷмуъ 139,8 миллион сомонӣ равона мегардад.
Аз ҷумла ба буҷаи ВМКБ дар ҳаҷми 1,2 миллион сомонӣ, вилояти Хатлон 49,1 миллион сомонӣ, Суғд 64,4 миллион сомонӣ, шаҳри Душанбе 1,5 миллион сомонӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 23,6 миллион сомонӣ кумаки молиявии беподош аз буҷети ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегардад, иттилоъ дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли вазири молия.
Дар зимн бо пешниҳоди вазири молия ва ҷонибдории вакилон нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 139,8 миллион сомонӣ зиёд карда шуд. Қаҳҳорзода дар шарҳи афзудани нақшаи воридоти гумрукӣ изҳор дошт, ки ин ҷо дурнамои афзоиши ҳаҷми воридот, арзиши гумрукии мол дар соли 2021 ва тағйирёбии қурби миёнасолонаи пули миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ то охири соли молиявӣ ба назар гирифта шудааст.
Дар пайи муаррифии вазир, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйироти дахлдорро ба қонуни буҷа барои соли 2021 қабул кард.