Сабукӣ: вазир гуфт, кишоварзон имсол беш аз 256 миллион сомониро сарфа мекунанд

© Вазорати кишоварзӣВазири кишоварзии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ
Вазири кишоварзии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Обуна шудан
Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, сабукиеро, ки барои кишоварзони кишвар дар соли 2021 ироа шудааст, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Зиёзода таъкид кард, ки аз 1 январи соли 2021 то 31 декабри соли 2021 тамоми онҳое, ки ба кишоварзӣ машғуланд, аз андози ягона ё худ андози замин озоданд. Ӯ афзуд, ин ҷо ягон шаке нест ва агар  касе ҳам барои моҳи январ андози ягона пардохт карда бошад, бояд бо дигар намуди андозҳо ҳисоббаробаркунӣ сурат гирад.
Продажа яиц на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2021
“Иммунитет аз COVID-19”: вазири тоҷик сабаби қимат шудани тухмро гуфт
Ба гуфтаи вазири кишоварзӣ, андози ягона мувофиқи меъёрҳои минтақаҳои Тоҷикистон аз 156 то 200 сомонӣ барои гектар мебошад, ки имсол кишоварзон аз пардохташ озод гардиданд.
Зиёзода тавзеҳ дод, ки аз ҳисоби ин сабукӣ кишоварзони Тоҷиикстон дар соли 2021 ҳудуди 256 миллион сомониро сарфа хоҳанд кард.  Вай илова намуд, ки агар ҳамин маблағ барои хариди нуриҳои минеалӣ равона шаваду ҳосилнокии пахта аз 22 сентенери ҳозира ба 25 сентенер расонда шавад, наздики 54 ҳазор тонна пахта барзиёд ҷамъоварӣ мегардад.
Ин дар навбати худ ба гуфтаи вазир, барои даромади иловагию ҷои кор дар соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунад.
Дар баробари ин ба иттилои Зиёзода, кишоварзон андози иҷтимоӣ месупоранд, яъне ҳар саҳмдори хоҷагии деҳқонӣ бояд 10 сомонӣ андози иҷтимоӣ супорад. Инчунин деҳқонон бояд андози содакардашудаи 6 фоизӣ пардохт кунанд. Ба гуфтаи вазир ин намуди андоз танҳо аз онҳое ситонда мешавад, ки пахта мекоранд.
Лентаи хабарҳо
0