https://sputnik.tj/20210508/raisi-bestfud-qurboniyon-zarardidagon-marz-nim-million-somoni-1039317405.html
Хайри ниммиллионии Савриддинов: ба оилаи ҳар қурбонии даргирии марзӣ 15 ҳазор сомонӣ дод
Хайри ниммиллионии Савриддинов: ба оилаи ҳар қурбонии даргирии марзӣ 15 ҳазор сомонӣ дод
Sputnik Тоҷикистон
Сорбон Савриддинов, соҳибкори ворухӣ барои зарардидагон дар муноқишаи ахири марзӣ аз ҳисоби худаш ҳудуди ним миллион сомонӣ ҷудо кардааст
2021-05-08T09:00+0500
2021-05-08T09:00+0500
2021-07-29T13:14+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/08/1039316994_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_1477b3889687057a2d8bd9e1830e04cf.jpg
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Савриддинов, ки роҳбари ширкати “Бестфуд” дар Маскав мебошад, ба маҷруҳону қурбониёни муноқишаи ахири марзӣ ним миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Сорбон Савриддинов аз ҳисоби худаш ба хонаводаи ҳар тоҷикистонии қурбонишуда дар муноқишаи ахири марзӣ 15 ҳазор сомонӣ ва ба даҳҳо маҷруҳ аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ додааст, иттилоъ медиҳад манбаъ аз мақомоти Суғд. Инчунин соҳибкорони дигар низ ба маъракаи хайрия пайваста барои кумак ба зарардидагон иқдом кардаанд. Савриддиновҳо Абдуҷалил ва Сорбон, падару писар бо корҳои хайрашон дар Ворух шинохта мебошанд. Сорбон муассис ва роҳбари ширкати “Бестфуд” мебошад, ки самти асосии фаъолияти он тиҷорати меваю сабзавот буда, инчунин барои чанд намуди фаъолияти дигар низ иҷозатнома дорад. Дар ин ширкат даҳҳо нафар дар шаҳри Маскав кор мекунанд ва бар асоси пойгоҳҳои тиҷоратии Русия даромади солонаи ширкат марзи миллиард рублро убур кардааст. Сорбон Савриддинов инчунин дар Тоҷикистон бархе фаъолиятҳо дорад. Аз ҷумла зимни сафари моҳи апрели соли равон ба Ворух Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Абдуҷалил, падари Сорбон Савриддинов Маркази фарҳангӣ — фароғатӣ ва варзишии “Ширин” – ро ифтитоҳ намуданд, ки бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.Котиботи раисиҷумҳур иттилоъ дод, ки аз ҷониби соҳибкор Сорбон Савриддинов дар баробари бунёди Марказ, инчунин қариб як километр роҳи маҳалла сангфарш карда шуда, як пули мошингузар бо дарозии 6 ва паҳноии 5 метр ба истифода дода шудааст.Қаблан низ дар замони пандемияи коронавирус Савриддиновҳо барои ниёзмандон ғизо таъмин намуда, Сорбон, ки роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкорони бурунмарзии Исфара мебошад, барои бунёди мактаб дар Ворух аз ҳисоби соҳибкорон изҳори омодагӣ карда буд. Феълан дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии кумак барои қурбониёну зарардидагони муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон идома дорад. Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонВазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
https://sputnik.tj/20210508/putin-munoqisha-marzi-tojikon-qirghizho-mirziyoev-barrasi-1039316075.html
https://sputnik.tj/20210506/toshiev-dolon-nadodaem-voruh-guftushunid-alohida-1039302516.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/08/1039316994_210:0:2027:1363_1920x0_80_0_0_16844a656e74310331d6ae75d9fbffcd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хайр, кумак, марз, муноқиша
хайр, кумак, марз, муноқиша
Хайри ниммиллионии Савриддинов: ба оилаи ҳар қурбонии даргирии марзӣ 15 ҳазор сомонӣ дод
09:00 08.05.2021 (Навсозишуда: 13:14 29.07.2021) Сорбон Савриддинов, соҳибкори ворухӣ барои зарардидагон дар муноқишаи ахири марзӣ аз ҳисоби худаш ҳудуди ним миллион сомонӣ ҷудо кардааст
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Савриддинов, ки роҳбари ширкати “Бестфуд” дар Маскав мебошад, ба маҷруҳону қурбониёни муноқишаи ахири марзӣ ним миллион сомонӣ ҷудо кардааст.
Сорбон Савриддинов аз ҳисоби худаш ба хонаводаи ҳар тоҷикистонии қурбонишуда дар муноқишаи ахири марзӣ 15 ҳазор сомонӣ ва ба даҳҳо маҷруҳ аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ додааст, иттилоъ медиҳад манбаъ аз мақомоти Суғд. Инчунин соҳибкорони дигар низ ба маъракаи хайрия пайваста барои кумак ба зарардидагон иқдом кардаанд.
Савриддиновҳо Абдуҷалил ва Сорбон, падару писар бо корҳои хайрашон дар Ворух шинохта мебошанд. Сорбон муассис ва роҳбари ширкати “Бестфуд” мебошад, ки самти асосии фаъолияти он тиҷорати меваю сабзавот буда, инчунин барои чанд намуди фаъолияти дигар низ иҷозатнома дорад. Дар ин ширкат даҳҳо нафар дар шаҳри Маскав кор мекунанд ва бар асоси пойгоҳҳои тиҷоратии Русия даромади солонаи ширкат марзи миллиард рублро убур кардааст.
Сорбон Савриддинов инчунин дар Тоҷикистон бархе фаъолиятҳо дорад. Аз ҷумла зимни сафари моҳи апрели соли равон ба Ворух Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Абдуҷалил, падари Сорбон Савриддинов Маркази фарҳангӣ — фароғатӣ ва варзишии “Ширин” – ро ифтитоҳ намуданд, ки бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Котиботи раисиҷумҳур иттилоъ дод, ки аз ҷониби соҳибкор Сорбон Савриддинов дар баробари бунёди Марказ, инчунин қариб як километр роҳи маҳалла сангфарш карда шуда, як пули мошингузар бо дарозии 6 ва паҳноии 5 метр ба истифода дода шудааст.
Қаблан низ дар замони пандемияи коронавирус Савриддиновҳо барои ниёзмандон ғизо таъмин намуда, Сорбон, ки роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкорони бурунмарзии Исфара мебошад, барои бунёди мактаб дар Ворух аз ҳисоби соҳибкорон изҳори омодагӣ карда буд.
Феълан дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии кумак барои қурбониёну зарардидагони муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон идома дорад.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.