https://sputnik.tj/20210508/qul-musofirbar-30-metr-jarima-barotov-1039320852.html
“Қул гуфтаст, ки мусофирбарро 30 метр дуртар манъ кард”: 58 ҳазор сомонӣ ҷаримаи Баротовҳо
“Қул гуфтаст, ки мусофирбарро 30 метр дуртар манъ кард”: 58 ҳазор сомонӣ ҷаримаи Баротовҳо
Sputnik Тоҷикистон
Ҷанҷол дар Душанбе, ки ронанда аз ҷои гуфтаи мусофир 30 метр дуртар манъ кардаасту мусофир пулчинакро “қул” гуфта, норозигӣ баён намудааст, ба латукӯб печида, бо ҷарима дар ҳаҷми 58 ҳазор сомонӣ анҷомид
2021-05-08T13:05+0500
2021-05-08T13:05+0500
2021-05-11T11:19+0500
дар тоҷикистон
душанбе
нақлиёт
пулчинак
латукӯб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/10/1031581358_0:148:2826:1738_1920x0_80_0_0_30cc64ca5034bf33058df496d6870764.jpg
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бародарон Баротовҳо Муҳаммадюсуфи 34-сола ва Муҳаммадсаиди 32-соларо, ки дар мусофирбари иҷорагирифтаашон яке ронандаю дигаре пулчинак кор кардаанд, 58 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Тибқи қарори додгоҳ, бародарон Баротовҳо мусофиреро латукӯб кардаанд. Тавзеҳ дода шуд, ки Баротовҳо бо мусофирбари “Мерсадес-спринтер” дар хатсайри 44 ба мусофиркашонӣ машғул шуда, шаҳрванд Шоҳинҷони Муҳаммадсаидро аз истгоҳи маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе савор кардаанд. “Баъдан дар наздикии бозори “Меҳргон”, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Меҳнат, мусофир Шоҳинҷон аз кондуктор Баротов Муҳаммадюсуф хоҳиш кардааст, ки мошинро боздоранд ва Муҳаммадюсуф ин хоҳишро ба ронанда расондаст. Аммо аз сабабе, ки автомашина дар қатори дуюми роҳ ҳаракат доштааст, ронанда Баротов Муҳаммадсаид аз ҷои гуфтаи мусофир тахминан 30-40 метр дуртар автомашинаро манъ кардааст”, - омадаст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки дар ин муддат мсофир Шоҳинҷон асабонӣ шуда, то манъ кардани мошин 2-3 бор гапашро такрор карда, вақти фаромадан, пулчинак Муҳаммадюсуфро “қул” хитоб кардааст ва дар натиҷа аз тарафи чапи рӯяш мушт мехӯрад. Дар иттилоияи додгоҳ омадааст, ки бародарон Баротовҳо мусофирро дашному латукӯб карда, бар асоси ташхис зарари миёна ба саломатӣ расондаанд. Додгоҳ бародарон Баротовҳоро дар авбошӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи 58 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
https://sputnik.tj/20190828/jazoi-pulchini-musofirbar-baroi-dagali-nisbati-modari-musofir-bo-2-kudak-1029743326.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/10/1031581358_157:0:2669:1884_1920x0_80_0_0_206a17a1d9486968d134cb2d9928303c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷанҷол, мусофирбар, манъ
“Қул гуфтаст, ки мусофирбарро 30 метр дуртар манъ кард”: 58 ҳазор сомонӣ ҷаримаи Баротовҳо
13:05 08.05.2021 (Навсозишуда: 11:19 11.05.2021) Ҷанҷол дар Душанбе, ки ронанда аз ҷои гуфтаи мусофир 30 метр дуртар манъ кардаасту мусофир пулчинакро “қул” гуфта, норозигӣ баён намудааст, ба латукӯб печида, бо ҷарима дар ҳаҷми 58 ҳазор сомонӣ анҷомид
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бародарон Баротовҳо Муҳаммадюсуфи 34-сола ва Муҳаммадсаиди 32-соларо, ки дар мусофирбари иҷорагирифтаашон яке ронандаю дигаре пулчинак кор кардаанд, 58 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.
Тибқи қарори додгоҳ, бародарон Баротовҳо мусофиреро латукӯб кардаанд.
Тавзеҳ дода шуд, ки Баротовҳо бо мусофирбари “Мерсадес-спринтер” дар хатсайри 44 ба мусофиркашонӣ машғул шуда, шаҳрванд Шоҳинҷони Муҳаммадсаидро аз истгоҳи маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе савор кардаанд.
“Баъдан дар наздикии бозори “Меҳргон”, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Меҳнат, мусофир Шоҳинҷон аз кондуктор Баротов Муҳаммадюсуф хоҳиш кардааст, ки мошинро боздоранд ва Муҳаммадюсуф ин хоҳишро ба ронанда расондаст. Аммо аз сабабе, ки автомашина дар қатори дуюми роҳ ҳаракат доштааст, ронанда Баротов Муҳаммадсаид аз ҷои гуфтаи мусофир тахминан 30-40 метр дуртар автомашинаро манъ кардааст”, - омадаст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар ин муддат мсофир Шоҳинҷон асабонӣ шуда, то манъ кардани мошин 2-3 бор гапашро такрор карда, вақти фаромадан, пулчинак Муҳаммадюсуфро “қул” хитоб кардааст ва дар натиҷа аз тарафи чапи рӯяш мушт мехӯрад.
Дар иттилоияи додгоҳ омадааст, ки бародарон Баротовҳо мусофирро дашному латукӯб карда, бар асоси ташхис зарари миёна ба саломатӣ расондаанд.
Додгоҳ бародарон Баротовҳоро дар авбошӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи 58 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.