Ҷазои пулчини мусофирбар барои дағалӣ нисбати модари мусофир бо 2 кӯдак

© Sputnik / Стас ЭтвешМаршрутки в Таджикистане
Маршрутки в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Бадриддин Абдураҳмонов, пулчини мусофирбари рақами 15-ро дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 385 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тибқи иттилои раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, чанде пеш шаҳрванд Қурбонова Шаҳноза Маҳмадқуловна дар саҳифаи фейсбукии худ аз дағалрафтории як ҷавонписари пулчин, дар мусофирбари хатсайри №15 шикоят намуда, хостори андешидани чораи қонунӣ гардид.

Селекторно-служебное совещание по результатам служебной деятельности и соблюдение законности в Паспортно-регистрационной службе МВД - Sputnik Тоҷикистон
Раҳимзода ба масъулини Хадамоти шиносномадиҳӣ: дағалӣ накунед

"Дар натиҷа муайян гардид, он ҷавонписаре, ки дар мавод аз ӯ ҳамчун пулчин ёдоварӣ мешавад, шаҳрванд Абдураҳмонов Бадриддин Шарбатович, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад", - омадааст дар иттилоияи РВУД.

Манбаъ афзуд, ки Абдураҳмонов зимни пурсиш изҳор доштааст, ки воқеан 21-уми августи соли ҷорӣ ҳангоми фаъолияти корӣ ба ҳайси пулчин дар мусофирбари хатсайри №15 дар маҳаллаи Ховарон нисбати мусофирзан дағалӣ кардааст. Бар асоси иттилоияи РВУД, ҷавони пулчин иқрор шудааст, ки нисбати ин ҷавонзани мусофир, ки бо ду фарзандаш қарор дошт, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафашро дар байни дигар шаҳрвандон паст задааст.

Маъмурини милиса нисбати Абдураҳмонов Бадриддин Шарбатович бар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ – майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансури ирсол карданд. Додгоҳ нисбати Абдураҳмонов Бадриддин Шарбатович ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 385 сомонӣ таъин кардаст.

Лентаи хабарҳо
0