https://sputnik.tj/20210507/jaborrov-bozsozii-markazi-taqsimi-ob-golovnoy-1039306169.html
Ҷабборов аз бозсозии Маркази тақсими об "Головной" хабар дод
Ҷабборов аз бозсозии Маркази тақсими об "Головной" хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Маркази тақсими об, машҳур бо номи "Головной", ки сабаби муноқишаи муссалаҳона марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон шуд, таҷдид хоҳад шуд
2021-05-07T10:11+0500
2021-05-07T10:11+0500
2021-05-07T16:22+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
бозсозӣ
марз
об
содир ҷабборов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/06/1039282906_0:36:1421:835_1920x0_80_0_0_37c0f400f95fc73c3832339bbe05d7e1.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дастур дод, Маркази тақсими об, машҳур бо номи "Головной" , ки дар марзи Тоҷикистон ҷойгир аст, навсозӣ шавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президенти Қирғизистон.Ҷабборов нияти бозсозии Маркази тақсими об, "Головной", ки боиси муноқишаи мусаллаҳона миёни ду кишвар шуд, ҳангоми сафари худ ба вилояти Бодканди Қирғизистон, эълом кардааст. Бозсозии "Головной"-ро кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ анҷом медиҳанд, қайд кардааст хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон.Ҷабборов инчунин ба сохтмони шаҳраки низомӣ дар минтақаи Лейлек оғоз бахшид ва дар майдони машқӣ низомии Буҷум дар назди низомиён суханронӣ кард.Президенти Қирғизистон гуфт, ки "давлат ӯҳдадориҳои иҷтимоии худро дар назди қувваҳои мусаллаҳ иҷро хоҳад кард." Ғайр аз он ӯ таъкид дошт, ки роҳбарияти кишвар ҳалли фаврии масъалаҳои сохторҳои қудратиро дар мадди аввал мегузорад.Чанде пеш Ҷабборов ба деҳаи Мақсат рафта, дар он ҷо бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кардааст. Вай эълом дошт, ки қасд дорад ба қурбониёни муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон ба маблағи қариб 12 ҳазор доллар кумакпулӣ диҳад.Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва ҚирғизистонВазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон охири моҳи апрел шадидтар шуд.Низоъ дар "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, сурат гирифт.Бишкек итминон медиҳад, ки ин макон ба рӯйхати объектҳои муҳими стратегии Қирғизистон дохил карда шудааст.Душанбе қайд мекунад, ки он дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ин биноро ишғол намуда, ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.То нисфирӯзии 29 апрел вазъ дар сарҳад аз назорат берун шуд ва ба тирпарронӣ байни марзбонони ҷумҳуриҳо табдил ёфт. Бо вуҷуди музокироти сатҳи олӣ, тирпарронӣ дар ҷойҳои интихобшуда то 1 май идома ёфт.Рӯзи якшанбеи 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.Аз 3 майи соли равон вазъ дар марзи байни ҷумҳуриҳо ором аст. Ҷонибҳо хуруҷи нерӯҳо ва техникаро ба ҷойҳои доимии худ баргардониданд.Бино ба маълумоти охирин, аз Тоҷикистон 16 нафар кушта ва беш аз 110 нафар сокинон маҷрӯҳ шуданд.Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, ҳангоми задухӯрдҳои марзӣ 35 нафар кушта ва 183 нафар маҷрӯҳ шуданд.
https://sputnik.tj/20210506/toshiev-dolon-nadodaem-voruh-guftushunid-alohida-1039302516.html
https://sputnik.tj/20210505/jabborov-masala-marz-tojikiston-uzbekiston-hal-1039266492.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/06/1039282906_93:0:1322:922_1920x0_80_0_0_c0261c04427deafffb7d75f9e07585be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон,, об, бозсозӣ, головной
тоҷикистон, қирғизистон,, об, бозсозӣ, головной
Ҷабборов аз бозсозии Маркази тақсими об "Головной" хабар дод
10:11 07.05.2021 (Навсозишуда: 16:22 07.05.2021) Маркази тақсими об, машҳур бо номи "Головной", ки сабаби муноқишаи мусаллаҳона марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон шуд, таҷдид хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дастур дод, Маркази тақсими об, машҳур бо номи "Головной" , ки дар марзи Тоҷикистон ҷойгир аст, навсозӣ шавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президенти Қирғизистон.
Ҷабборов нияти бозсозии Маркази тақсими об, "Головной", ки боиси муноқишаи мусаллаҳона миёни ду кишвар шуд, ҳангоми сафари худ ба вилояти Бодканди Қирғизистон, эълом кардааст.
Бозсозии "Головной"-ро кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ анҷом медиҳанд, қайд кардааст хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон.
Ҷабборов инчунин ба сохтмони шаҳраки низомӣ дар минтақаи Лейлек оғоз бахшид ва дар майдони машқӣ низомии Буҷум дар назди низомиён суханронӣ кард.
Президенти Қирғизистон гуфт, ки "давлат ӯҳдадориҳои иҷтимоии худро дар назди қувваҳои мусаллаҳ иҷро хоҳад кард." Ғайр аз он ӯ таъкид дошт, ки роҳбарияти кишвар ҳалли фаврии масъалаҳои сохторҳои қудратиро дар мадди аввал мегузорад.
Чанде пеш Ҷабборов ба деҳаи Мақсат рафта, дар он ҷо бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кардааст. Вай эълом дошт, ки қасд дорад ба қурбониёни муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон ба маблағи қариб 12 ҳазор доллар кумакпулӣ диҳад.
Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон охири моҳи апрел шадидтар шуд.Низоъ дар "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, сурат гирифт.
Бишкек итминон медиҳад, ки ин макон ба рӯйхати объектҳои муҳими стратегии Қирғизистон дохил карда шудааст.Душанбе қайд мекунад, ки он дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ин биноро ишғол намуда, ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
То нисфирӯзии 29 апрел вазъ дар сарҳад аз назорат берун шуд ва ба тирпарронӣ байни марзбонони ҷумҳуриҳо табдил ёфт. Бо вуҷуди музокироти сатҳи олӣ, тирпарронӣ дар ҷойҳои интихобшуда то 1 май идома ёфт.
Рӯзи якшанбеи 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.
Аз 3 майи соли равон вазъ дар марзи байни ҷумҳуриҳо ором аст. Ҷонибҳо хуруҷи нерӯҳо ва техникаро ба ҷойҳои доимии худ баргардониданд.
Бино ба маълумоти охирин, аз Тоҷикистон 16 нафар кушта ва беш аз 110 нафар сокинон маҷрӯҳ шуданд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, ҳангоми задухӯрдҳои марзӣ 35 нафар кушта ва 183 нафар маҷрӯҳ шуданд.