https://sputnik.tj/20210507/buroi-tarikhi-qarz-somoniyon-bonki-milli-ijozatnoma-1039314928.html
“Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён” аз Бонки миллӣ иҷозатнома гирифт
“Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён” аз Бонки миллӣ иҷозатнома гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки ба “Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён” барои анҷом додани фаъолияти Бюрои таърихи қарз тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд
2021-05-07T19:50+0500
2021-05-07T19:50+0500
2021-05-07T19:50+0500
иқтисод
бонки миллӣ
иҷозатнома
қарздиҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ қарори Раёсати бонк дар ин бора санаи 3 майи соли равон ба имзо расидааст. Гуфта шудааст, ки дар асоси қарори мазкур таҳти рақами 76 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба ҶДММ “Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён” барои анҷом додани фаъолияти Бюрои таърихи қарз тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.Манбаъ зикр кардааст, ки мутобиқи қарори мазкур иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён” аз 25 июли соли 2014, таҳти №0000043 аз эътибор соқит карда шуд.Ҳамзамон Раёсати Бонки миллӣ департаменти назорати бонкиро вазифадор намудааст, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои Бюроҳои таърихи қарз сабти дахлдорро ворид намояд.Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ду бюрои таърихи қарзӣ - ҶДММ "Бюрои таърихи қарзии Сомониён” ва ҶДММ Бюрои таърихи қарзҳои "Бюрои Қарзию Иттилоотии Тоҷикистон” фаъолият доранд.
https://sputnik.tj/20210503/bonki-milli-tojikaeronavigatsiya-ijozatnoma-1039245401.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бюрои қарзӣ, бонки миллӣ иҷозатнома
тоҷикистон, бюрои қарзӣ, бонки миллӣ иҷозатнома
“Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён” аз Бонки миллӣ иҷозатнома гирифт
Бонки миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки ба “Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён” барои анҷом додани фаъолияти Бюрои таърихи қарз тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ қарори Раёсати бонк дар ин бора санаи 3 майи соли равон ба имзо расидааст.
Гуфта шудааст, ки дар асоси қарори мазкур таҳти рақами 76 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба ҶДММ “Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён” барои анҷом додани фаъолияти Бюрои таърихи қарз тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.
Манбаъ зикр кардааст, ки мутобиқи қарори мазкур иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён” аз 25 июли соли 2014, таҳти №0000043 аз эътибор соқит карда шуд.
Ҳамзамон Раёсати Бонки миллӣ департаменти назорати бонкиро вазифадор намудааст, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои Бюроҳои таърихи қарз сабти дахлдорро ворид намояд.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ду бюрои таърихи қарзӣ - ҶДММ "Бюрои таърихи қарзии Сомониён” ва ҶДММ Бюрои таърихи қарзҳои "Бюрои Қарзию Иттилоотии Тоҷикистон” фаъолият доранд.