https://sputnik.tj/20210506/roh-voruh-oghoz-taqsimot-tafsiloti-sozish-yatimov-toshiev-sanad-1039280278.html
Роҳ ба Ворух ва оғози тақсимот: тафсилоти созиши Ятимов ва Тошиев - санад
Роҳ ба Ворух ва оғози тақсимот: тафсилоти созиши Ятимов ва Тошиев - санад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расидаанд, ки то 17 май лоиҳаи хатти сарҳад миёни якдигарро омода кунанд
2021-05-06T01:40+0500
2021-05-06T01:40+0500
2021-05-06T01:40+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
осиёи марказӣ
марз
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/02/1039220314_0:28:843:502_1920x0_80_0_0_3c32c2eef0cbeea0c8b875ecb0b142dc.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тафсилоти ҷаласаи 1 - 2 май дар шаҳри Бодканд миёни ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон сари таъйину аломатгузории марзи ду кишвар дастраси омма шуд. Бино ба санаде, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон низ қарор гирифт, корҳои топографӣ ва тасвири хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ва нуқтаҳои аҳолинишини Максат, Кулундуи Лайлак, Коктерек, Оқсойи ноҳияҳои Бодканди Қирғизистонро гурӯҳҳои кории ҷонибҳо бояд то 17 майи соли 2021 шурӯъ кунанд. “Дар ин ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки то анҷоми делимитатсия, демаркатсия ва барасмиятдарории қонунии Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, барои ҳаракати бемонеаи шаҳрвандон, убуру мурури воситаҳои нақлиёт ва молҳои Тоҷикистон тариқи Қирғизистон, ҷонибҳо роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло - Ворух”-ро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчигай) муштарак месозанд ва Тоҷикистон онро истифодаву нигоҳдорӣ мекунад. Мақоми ин роҳ дар як созишномаи алоҳидаи давлатӣ миёни ду кишвар муайян хоҳад шуд”, - омадааст дар санад. Ин ҳуҷҷатро Саймуъмин Ятимов, раиси ҳайати Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, раиси ҳайати Қирғизистон имзо гузоштаанд.Аммо барои зудтар оғоз намудани сохтмони роҳи “Хоҷаи Аъло - Ворух” гурӯҳҳои кории топографӣ супориш гирифтаанд, ки муштарак бо муассисаҳои лоиҳакашӣ дар заминҳои истифодаи амалии минтақаи Бодканд тадқиқоти саҳроии ин мавзеъро то 1 июни соли 2021 анҷом диҳанд. Созиш шудааст, ки дар қисматҳои аз нуқтаи сарҳадии № 43 то нуқтаи сарҳадии № 61 ва аз нуқтаи сарҳадии №135 то нуқтаи сарҳадии №141 аз аснод ва маводи марзбандии миллию ҳудудии солҳои 1924 - 1927 ва комиссияи паритетии соли 1989 истифода хоҳад шуд. “Гурӯҳҳои кории топографӣ дастур гирифтаанд, ки хати лоиҳавии Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро дар қисматҳои дар боло зикршударо аз 5 то 9 майи соли 2021 тасвир кунанд”, - омадааст дар санад. Ҳамчунин ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20210505/ahmadzoda-sokinon-hojai-alo-somoniyon-binoho-barqaror-aks-1039275573.html
https://sputnik.tj/20210505/kumakpuli-oilaho-motamzada-rasonda-shud-1039273331.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/02/1039220314_69:0:774:529_1920x0_80_0_0_c109a0d9c18f486fdc8ba37fabc6e708.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марз, тақсимот, созиш
Роҳ ба Ворух ва оғози тақсимот: тафсилоти созиши Ятимов ва Тошиев - санад
Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расидаанд, ки то 17 май лоиҳаи хатти сарҳад миёни якдигарро омода кунанд
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тафсилоти ҷаласаи 1 - 2 май дар шаҳри Бодканд миёни ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон сари таъйину аломатгузории марзи ду кишвар дастраси омма шуд.
Бино ба санаде, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон низ қарор гирифт, корҳои топографӣ ва тасвири хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ва нуқтаҳои аҳолинишини Максат, Кулундуи Лайлак, Коктерек, Оқсойи ноҳияҳои Бодканди Қирғизистонро гурӯҳҳои кории ҷонибҳо бояд то 17 майи соли 2021 шурӯъ кунанд.
“Дар ин ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки то анҷоми делимитатсия, демаркатсия ва барасмиятдарории қонунии Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, барои ҳаракати бемонеаи шаҳрвандон, убуру мурури воситаҳои нақлиёт ва молҳои Тоҷикистон тариқи Қирғизистон, ҷонибҳо роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло - Ворух”-ро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчигай) муштарак месозанд ва Тоҷикистон онро истифодаву нигоҳдорӣ мекунад. Мақоми ин роҳ дар як созишномаи алоҳидаи давлатӣ миёни ду кишвар муайян хоҳад шуд”, - омадааст дар санад. Ин ҳуҷҷатро Саймуъмин Ятимов, раиси ҳайати Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, раиси ҳайати Қирғизистон имзо гузоштаанд.
Аммо барои зудтар оғоз намудани сохтмони роҳи “Хоҷаи Аъло - Ворух” гурӯҳҳои кории топографӣ супориш гирифтаанд, ки муштарак бо муассисаҳои лоиҳакашӣ дар заминҳои истифодаи амалии минтақаи Бодканд тадқиқоти саҳроии ин мавзеъро то 1 июни соли 2021 анҷом диҳанд.
“Миёни ҷонибҳо ин тавофуқ ҳосил шудааст, ки пас аз анҷоми сохтмони роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло - Ворух” дар хамгашти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчыгай) ба тасвири лоиҳавии хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ хоҳанд кард”, - омадааст дар санад.
Созиш шудааст, ки дар қисматҳои аз нуқтаи сарҳадии № 43 то нуқтаи сарҳадии № 61 ва аз нуқтаи сарҳадии №135 то нуқтаи сарҳадии №141 аз аснод ва маводи марзбандии миллию ҳудудии солҳои 1924 - 1927 ва комиссияи паритетии соли 1989 истифода хоҳад шуд.
“Гурӯҳҳои кории топографӣ дастур гирифтаанд, ки хати лоиҳавии Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро дар қисматҳои дар боло зикршударо аз 5 то 9 майи соли 2021 тасвир кунанд”, - омадааст дар санад.
Ҳамчунин ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.