https://sputnik.tj/20210506/sel-hona-sokinon-muminobod-harob-1039286530.html
Сел 15 хона ва ду пулро дар Хатлон хароб крад
Сел 15 хона ва ду пулро дар Хатлон хароб крад
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари бориши шадид дар деҳаи Кӯлчашмаи ноҳияи Муъминобод сел омада, бар асари он 15 хонаи истиқоматӣ ва ду пули мошингард зарар диданд.
2021-05-06T12:46+0500
2021-05-06T12:46+0500
2021-07-21T16:26+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сокинон
хисорот
тахриби хонаҳо
сел
ноҳияи муъминобод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102206/20/1022062088_7:0:1280:716_1920x0_80_0_0_d6295fe506c43911edaa146c07f66ace.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Бар асари бориши шадид дар деҳаи Кӯлчашмаи ноҳияи Муъминобод сел омада, бар асари он 15 хонаи истиқоматӣ ва ду пули мошингард зарар диданд. Изатулло Имомов, сардори бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Муъминобод иттилоъ додааст, ки хисорот бар асари боришоти шадиди шаби 4 май расонда шудааст. Айни замон аз ҷониби бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгард корҳои барқароркунӣ ҷараён доранд, хабар додааст “Ховар” аз қавли Имомов. Манбаъ афзудааст, ки хисороти расида асосан аз беэътиноии худи сокинон ба амал омадааст, зеро онҳо мавзеъҳои обрави назди хонаҳояшонро тоза нигоҳ намедоранд. Дар натиҷаи чунин бориш ва омадани сел об вориди ҳавлиҳои истиқоматии онҳо мегардад.“Ҳамчунин аз бориши ба амал омада бахше аз заминҳои кишоварзӣ ва қитъаҳои ёрирасони заминҳои наздиҳавлигӣ зери об мондаанд. Дар ҷойи ҳодиса комиссия фаъолият дошта, ҳаҷми зарарро муайн менамоянд”, - омадааст дар иттилоия. КҲФ ҳушдор дод, ки ҳавои номусоид ва боронҳои шадиду селовар то 7 май идома мекунанд. Бо зикри ин КҲФ аз шаҳрвандон даъват дорад, ки зимни сафар ҳамеша аз эҳтиёт кор бигиранд.
https://sputnik.tj/20210505/kuhpora-roh-vahdat-rasht-lahsh-muvaqqatan-bast-1039269763.html
ноҳияи муъминобод
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102206/20/1022062088_168:0:1123:716_1920x0_80_0_0_12e9b8d61e5bebfec7c7bf6fe0d59493.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сел, хона, вайрон, хароб
Сел 15 хона ва ду пулро дар Хатлон хароб крад
12:46 06.05.2021 (Навсозишуда: 16:26 21.07.2021) Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз хисороте хабар дод, ки боришоти шадиди шаби 4 май дар пай доштааст
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Бар асари бориши шадид дар деҳаи Кӯлчашмаи ноҳияи Муъминобод сел омада, бар асари он 15 хонаи истиқоматӣ ва ду пули мошингард зарар диданд.
Изатулло Имомов, сардори бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Муъминобод иттилоъ додааст, ки хисорот бар асари боришоти шадиди шаби 4 май расонда шудааст. Айни замон аз ҷониби бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгард корҳои барқароркунӣ ҷараён доранд, хабар додааст “Ховар” аз қавли Имомов.
Манбаъ афзудааст, ки хисороти расида асосан аз беэътиноии худи сокинон ба амал омадааст, зеро онҳо мавзеъҳои обрави назди хонаҳояшонро тоза нигоҳ намедоранд. Дар натиҷаи чунин бориш ва омадани сел об вориди ҳавлиҳои истиқоматии онҳо мегардад.
“Ҳамчунин аз бориши ба амал омада бахше аз заминҳои кишоварзӣ ва қитъаҳои ёрирасони заминҳои наздиҳавлигӣ зери об мондаанд. Дар ҷойи ҳодиса комиссия фаъолият дошта, ҳаҷми зарарро муайн менамоянд”, - омадааст дар иттилоия.
КҲФ ҳушдор дод, ки ҳавои номусоид ва боронҳои шадиду селовар то 7 май идома мекунанд.
“Дар ин рӯзҳо лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сел дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, водиҳо ва роҳҳои мошингарди кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест. Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо низ пешгӯӣ мешавад”, - таъкид шудааст дар матлаб.
Бо зикри ин КҲФ аз шаҳрвандон даъват дорад, ки зимни сафар ҳамеша аз эҳтиёт кор бигиранд.