Кӯҳпора роҳи Ваҳдат-Рашт-Лахшро муваққатан баст

Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Обуна шудан
Канда шудани кӯҳпора дар қаламрави Оби Гарм ва Сичароғи шаҳри Роғун роҳи мошингардро муваққатан масдуд кард
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, ки роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш муваққатан баста шудааст.
Бар хабари котиботи кумита, боронгариҳои шадид боиси фаромадени селу резиши сангпораҳо дар роҳҳои кӯҳӣ гардиданд.
Аз ҷумла дар қаламрави Оби Гарм ва Сичароғи шаҳри Роғун кӯҳпорае канда шудааст, ки роҳи мошингарди Ваздат-Рашт-Лахшро аз километри 76 то 86 баста намуд.
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Ҳушдори КҲФ аз раъду барқ, боронҳои шадиду жола ва селбиёӣ
Манбаъ меафзояд, барои бартараф кардани ин офати табиӣ ба макони ҳодиса техникаи махсус ирсол гардид ва ҳоло ҳаракати мошин дар ин қисмати роҳ барқарор гардидааст.
Илова бар ин, КҲФ аз фаромадани сел дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд хабар медиҳад. ки ба заминҳои кишоварзӣ зарари калон расидааст.
Гуфта мешавад, ҳоло комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва зарари расидаро дақиқ мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид ва боронҳои шадиду селовар то рӯзи 7-уми май идома мекунад.
"Дар ин рӯзҳо лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сел дар ноҳяҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, водиҳо ва роҳҳои мошингарди кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин ҳавошиносон болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳоро низ пешгӯӣ мекунанд", - таъкид мешавад дар хабари кумита.
Дар ҳамин иртибот, кумитаи мазкур аз шаҳрвандону меҳмонон даъват мекунад, ки эҳтиёткор бошанд ва аз сафари безарурат худорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0