https://sputnik.tj/20210505/ahmadzoda-sokinon-hojai-alo-somoniyon-binoho-barqaror-aks-1039275573.html
Боздиди Аҳмадзода аз Хоҷаи Аъло ва Сомониёну ваъдаи ӯ ба мардум - акс
Боздиди Аҳмадзода аз Хоҷаи Аъло ва Сомониёну ваъдаи ӯ ба мардум - акс
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот ба сокинони Хоҷаи аъло ва Сомониён гуфт, ки онҳо танҳо нестанд ва Ҳукумату давлат дар паҳлуяшон аст 05.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-05T17:17+0500
2021-05-05T17:17+0500
2021-05-05T17:45+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
суғд
раҷаббой аҳмадзода
боздид
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/05/1039275458_0:0:720:405_1920x0_80_0_0_e7adb04828d8943f9e016e690985452d.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода пас аз супориши фаврии кишвардори Тоҷикистон, бобати давоми як моҳ барқарору бунёд кардани манзилҳои харобгашта ба деҳаҳои Хоҷаи аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара рафт.Бар хабари котиботи раисис ин вилоят, Аҳмадзодо бо сокинони зарардида аз таниши ахири марзӣ мулоқот намуда ба онҳо ваъда дод, ки на бештар аз як моҳ тамоми манзилу биноҳое, ки сӯзонда ва ё хароб гардиданд, барқарор мешаванд.Манбаъ меафзояд, айни замон дар шаҳри Исфара ситоди корӣ ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъолият мебаранд.Сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён изҳор доштаанд, ки манзилҳои онҳо аз тарафи шаҳрвандони кишвари ҳамсоя қасдан сӯзонда шуда, сипас онро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5 май, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суҳбати телефонӣ анҷом дод.Зимни суҳбат, роҳбари давлат супориш дод, ки на бештар аз як моҳ тамоми хонаҳои сокинон, ки бар асари даргирии мусаллаҳона қисман ва ё пурра хароб гардида буданд, бунёду барқарор шаванд.Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон талаб намуд, ки раиси вилоят мунтазам аз хонаводаҳои мотамзада ва ҳамчунин оилаҳое ҷабрдида, дидан намояд.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/05/1039275458_82:0:622:405_1920x0_80_0_0_d36973d239cd7af177bdcf6cd72a70db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, суғд, раҷаббой аҳмадзода, боздид
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, суғд, раҷаббой аҳмадзода, боздид
Боздиди Аҳмадзода аз Хоҷаи Аъло ва Сомониёну ваъдаи ӯ ба мардум - акс
17:17 05.05.2021 (Навсозишуда: 17:45 05.05.2021) Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот ба сокинони Хоҷаи аъло ва Сомониён гуфт, ки онҳо танҳо нестанд ва Ҳукумату давлат дар паҳлуяшон аст
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода пас аз супориши фаврии кишвардори Тоҷикистон, бобати давоми як моҳ барқарору бунёд кардани манзилҳои харобгашта ба деҳаҳои Хоҷаи аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара рафт.
Бар хабари котиботи раисис ин вилоят, Аҳмадзодо бо сокинони зарардида аз таниши ахири марзӣ мулоқот намуда ба онҳо ваъда дод, ки на бештар аз як моҳ тамоми манзилу биноҳое, ки сӯзонда ва ё хароб гардиданд, барқарор мешаванд.
"Давлат ва ҳукумат дар паҳлуи мардум аст ва бо дастгирии роҳбари давлат якҷо бо шумо тамоми биноҳоро бунёду барқарор месозем", - афзудааст Аҳмадзода ба сокиноне, ки манзилҳои худро аз даст доданд.
Манбаъ меафзояд, айни замон дар шаҳри Исфара ситоди корӣ ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъолият мебаранд.
Сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён изҳор доштаанд, ки манзилҳои онҳо аз тарафи шаҳрвандони кишвари ҳамсоя қасдан сӯзонда шуда, сипас онро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5 май, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат, роҳбари давлат супориш дод, ки на бештар аз як моҳ тамоми хонаҳои сокинон, ки бар асари даргирии мусаллаҳона қисман ва ё пурра хароб гардида буданд, бунёду барқарор шаванд.
Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон талаб намуд, ки раиси вилоят мунтазам аз хонаводаҳои мотамзада ва ҳамчунин оилаҳое ҷабрдида, дидан намояд.