Амри Президент барои додани 10 ҳазор сомонӣ ба куҳансарбозони Тоҷикистон

© Sputnik Медали ветерана ВОВ
Медали ветерана ВОВ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, амр додааст, ки барои ҳар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳисоби Фонди захиравии президент 10 ҳазор сомонӣ пардохт карда шавад
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон амр барои ироаи кумакпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ба ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 – ро 28 апрел имзо карда, мақомоти маҳаллиро низ барои ҷудо намудани кумакпулӣ вазифадор намудааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе барои собиқадорони ҶБВ аз ҷониби шаҳрдорӣ 1500 сомонӣ ва раисони навоҳии пойтахт 500 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Феълан дар қаламрави ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 94 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав меравад
Соли гузашта дар Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон 168 куҳансарбоз дар қайди ҳаёт буд. Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҶБВ рафтанд, ки аз он ҳудуди 100 ҳазор нафарашон барнагаштанд.
Аз миёни иштирокдорони ҶБВ аз Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор нафар бо ордену меделҳо, аз ҷумла 64 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонда шудаанд.
Дар Тоҷикистон чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 76-умин солгарди Иди Ғалаба 8 май дар шаҳри Душанбе бо иштироки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар назаранд. Рӯзи 9 май раисиҷумҳури Тоҷикистон дар гузашти низомӣ дар шаҳри Маскав иштирок хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0