Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав меравад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Обуна шудан
Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар гузашти низомӣ ба Русия сафар кунад
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради рӯзи 9 май дар шаҳри Маскав иштирок мекунад, менависад РИА Новости.
Бар хабари манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз анҷоми чорабинӣ дар Боғи ғалабаи пойтахт, озими Маскав мешавад.
Гуфта мешавад, роҳбари давлатро дар ин сафар як қатор мансабдорон ҳамроҳӣ мекунанд.
Феълан, дар сомонаи раисҷумҳур ягон маълумот дар мавриди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав нашр нашудааст.
Военный парад национальной гвардии Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2020
Иштироки Раҳмон дар гузашти низомӣ бахшида ба 25-солагии Гвардияи миллӣ
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта гузашти низомӣ бахшида ба 75 - солгарди Рӯзи Ғалаба, ба далели пандемияи коронавирус на 9 май, балки 24 июн баргузор шуд ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин чорабинӣ иштирок кард.
Зимнан, соли гузашта дар парадяк воҳиди сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0