https://sputnik.tj/20210505/suporish-rahmon-ahmadzoda-manzil-harobshuda-barqaror-1039268154.html
Супориши Раҳмон ба Аҳмадзода: муддати як моҳ манзилҳои харобшудаи сокинон барқарор шаванд
Супориши Раҳмон ба Аҳмадзода: муддати як моҳ манзилҳои харобшудаи сокинон барқарор шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суҳбати телефонӣ анҷом дод 05.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-05T12:20+0500
2021-05-05T12:20+0500
2021-05-05T12:35+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
эмомалӣ раҳмон
раҷаббой аҳмадзода
суҳбати телефонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/19/1032343728_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_3c93a6236bddb0aec74233b654360989.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикстон имрӯз, 5 май бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад котиботи роҳбари давлат.Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Разҳмон ба раиси вилояти Суғд супориш дод, ки мунтазам аз аҳволи осебдидагон бохабар шуда, дар муддати як моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида пурра бунёду барқарор ва бо маводи зарурии рӯзгор таъмин карда шаванд.Илова бар ин, супориш дода шуд, ки ба оилаҳое, ки бар асари муноқишаҳои ахири марзӣ наздикони худро аз даст доданд, кӯмаки моддию молиявӣ расонида шавад.Дар ҳамин ҳол, Аҳмадзода ба Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот дода, изҳор доштааст, ки ситоди корӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои барқарор намудани хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол бурда истодаанд.Раиси вилояти Суғд муваззаф гардид, ки рафти иҷрои супоришҳои фаврии роҳбари давлатро зери назорат гирифта, аз натиҷаҳои он ба Ҳукумат дар муҳлати муайяншуда ҳисобот диҳад.
https://sputnik.tj/20210505/rasulzoda-hatlon-ayodat-oila-afsari-halokshuda-1039263271.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/19/1032343728_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_6df121289752b44cd770504ea9b449c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, эмомалӣ раҳмон, раҷаббой аҳмадзода, суҳбати телефонӣ
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, эмомалӣ раҳмон, раҷаббой аҳмадзода, суҳбати телефонӣ
Супориши Раҳмон ба Аҳмадзода: муддати як моҳ манзилҳои харобшудаи сокинон барқарор шаванд
12:20 05.05.2021 (Навсозишуда: 12:35 05.05.2021) Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суҳбати телефонӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикстон имрӯз, 5 май бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад котиботи роҳбари давлат.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Разҳмон ба раиси вилояти Суғд супориш дод, ки мунтазам аз аҳволи осебдидагон бохабар шуда, дар муддати як моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида пурра бунёду барқарор ва бо маводи зарурии рӯзгор таъмин карда шаванд.
Илова бар ин, супориш дода шуд, ки ба оилаҳое, ки бар асари муноқишаҳои ахири марзӣ наздикони худро аз даст доданд, кӯмаки моддию молиявӣ расонида шавад.
Дар ҳамин ҳол, Аҳмадзода ба Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот дода, изҳор доштааст, ки ситоди корӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои барқарор намудани хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол бурда истодаанд.
Раиси вилояти Суғд муваззаф гардид, ки рафти иҷрои супоришҳои фаврии роҳбари давлатро зери назорат гирифта, аз натиҷаҳои он ба Ҳукумат дар муҳлати муайяншуда ҳисобот диҳад.