https://sputnik.tj/20210505/rasulzoda-hatlon-ayodat-oila-afsari-halokshuda-1039263271.html
Расулзодаву раиси Хатлон дар Фархор ба аёдати оилаи афсари ҳалокшуда рафтанд
Расулзодаву раиси Хатлон дар Фархор ба аёдати оилаи афсари ҳалокшуда рафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода, зимни сафари корияш ба вилояти Хатлон ва ноҳияи Фархор ба аёдати волидони Ҳасани Сафархуҷаи Акбарзод – афсари сарҳадбоне, ки зимни дифоъ аз... 05.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-05T09:14+0500
2021-05-05T09:14+0500
2021-05-05T09:47+0500
дар тоҷикистон
қоҳир расулзода
муноқишаи марзӣ
хатлон
афсар
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/05/1039263207_0:0:961:540_1920x0_80_0_0_ee562311945b0a223c5a3873edbc2ab2.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон сарвазири Тоҷикистон ба волидайни афсари марҳум аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъзия баён кардааст.Сарвазири мамлакат ба аҳли ин хонавода барои тарбияи фарзанди диловар изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст.Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ зимни арзи таслияту ҳамдардии амиқ ба волидону пайвандони марҳум гуфтааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати бунёди манзили зист бо таъмини тамоми шароити муносиб барои фарзандони хурдсоли афсар Сафархуҷаи Акбарзод иқдом кардааст.Ёдовар мешавем, ки субҳи 1-уми май ҷасади прапоршики қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасани Сафархуҷаи Акбарзоди 31-сола, зодаи ноҳияи Фархор, ба хок супурда шуд. Марҳум дар натиҷаи муноқишаҳои сарҳадӣ бо қирғизҳо дар Ҷамоати “Ворух”, дар вақти ҳимоя намудани раиси ноҳияи Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки аллакай аз китфаш маҷруҳ шуда буд, худро сипар намуда, дар натиҷа аз тири снайпер ба ҳалокат расид.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/05/1039263207_15:0:866:638_1920x0_80_0_0_a26b0f16de508dfb380da551362aa8ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қоҳир расулзода, муноқишаи марзӣ, хатлон, афсар
дар тоҷикистон, қоҳир расулзода, муноқишаи марзӣ, хатлон, афсар
Расулзодаву раиси Хатлон дар Фархор ба аёдати оилаи афсари ҳалокшуда рафтанд
09:14 05.05.2021 (Навсозишуда: 09:47 05.05.2021) Қоҳир Расулзода, зимни сафари корияш ба вилояти Хатлон ва ноҳияи Фархор ба аёдати волидони Ҳасани Сафархуҷаи Акбарзод – афсари сарҳадбоне, ки зимни дифоъ аз марзи давлатӣ дар Ворухи Исфара қаҳрамонона ба ҳалокат расид, рафтаааст
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон сарвазири Тоҷикистон ба волидайни афсари марҳум аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъзия баён кардааст.
"Фарзанди Шумо ҳомии аслии марзу бум ва сарсупурдаи Ватан буд. Халқу Ватан дар симои маҳз чунин ҷавонмардони далеру шуҷоъ ҳомиён ва такягоҳи худро мебинанд. Фарзанди Шумо ифтихори Тоҷикистон аст ва мардуми кишвар ҳеҷ гоҳ қаҳрамонии ӯву ҳамхизматонашро фаромӯш нахоҳад кард", - қайд кардааст Қоҳир Расулзода зимни суҳбат бо модари афсар.
Сарвазири мамлакат ба аҳли ин хонавода барои тарбияи фарзанди диловар изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ зимни арзи таслияту ҳамдардии амиқ ба волидону пайвандони марҳум гуфтааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати бунёди манзили зист бо таъмини тамоми шароити муносиб барои фарзандони хурдсоли афсар Сафархуҷаи Акбарзод иқдом кардааст.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 1-уми май ҷасади прапоршики қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасани Сафархуҷаи Акбарзоди 31-сола, зодаи ноҳияи Фархор, ба хок супурда шуд.
Марҳум дар натиҷаи муноқишаҳои сарҳадӣ бо қирғизҳо дар Ҷамоати “Ворух”, дар вақти ҳимоя намудани раиси ноҳияи Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки аллакай аз китфаш маҷруҳ шуда буд, худро сипар намуда, дар натиҷа аз тири снайпер ба ҳалокат расид.