Русия ба Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад: навори тамрини шабона дар Майдони Сурх

Обуна шудан
Рӯзи Ғалаба имсол бар фарқи аз соли гузашта рӯзи 9 май баргузор мешавад. Вазорати мудофиаи Русия навори омодагӣ ба таҷлили ин санаи таърихиро нашр намудааст
Дар Маскав ҳамакнун тамрини дуввуми гузашти шабонаи низомӣ сурат гирифт, ки дар кори он дасти кам 12 ҳазор хизматчӣ ширкат доштанд.
Интизор меравад рӯзи 9 май аз Майдони Сурх зиёда аз 190 намунаи техникаи ҳарбӣ гузар кунад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав меравад
Аз ҷумла танкҳо, панҷ намуди мошинҳои зиреҳпӯш бо амнияти баланд, мошинҳои ҷангии пиёдагард. Инчунин дар парад системаҳои мушакии оперативӣ-тактикӣ, системаҳои мушакии сершумор, тӯпҳои худгард, партобгарони системаи мушакии стратегии Ярс ва дигар таҷҳизот ширкат хоҳанд кард.
Ба ҳамин минвол, тамрини ҷамъбастӣ рӯзи 7 май даргузор мегардад.
Ба гуфтаи созмондиҳандагони ин чорабинӣ, ҳамаи кормандони низомӣ, ки дар тамрин ва баргузории гузашти низомӣ ширкат мекунанд, ба таври ихтиёрӣ эмгузаронӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0