Иштироки Раҳмон дар гузашти низомӣ бахшида ба 25-солагии Гвардияи миллӣ

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии ҷумҳурӣ иштирок ва дар назди афсарону сарбозони қувваҳои мусаллаҳ суханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, нахуст ба сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар, Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон Бобоҷон Ҷамолзода оид ба омодагии ҷузъу томҳо гузориш дод.

Председатель Социалистической партии Таджикистана Абдухалим Гаффоров  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳолнома ва ваъдаҳои пешазинтихоботии номзаде, ки гуфт, дар Душанбе метро месозад, агар...

Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни гузашти ҳарбиро ва дар симои онҳо тамоми мардуми кишварро ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.

Дар пайи суханронии раисиҷумҳур, ба муносибати солгарди 25-уми таъсисёбии Гвардияи миллӣ бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе оғоз гардид.

Котиботи раисиҷумҳур гуфт, дар парад шунавандагони Литсейи ҳарбӣ, афсарони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, афсарони хадамотҳои махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантони муассисаҳои олии таълимии ҳарбии тобеи сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, занону бонувони Артиши миллӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар сохторҳои қудратӣ иштирок намуданд.

Лентаи хабарҳо
0