https://sputnik.tj/20210505/kuhansarboz-nomi-prezident-miri-shahr-raisi-nohiya-pul-1039277213.html
Ба 16 куҳансарбози тоҷик аз номи президент, мири шаҳр ва раиси ноҳия 12 ҳазор тақдим шуд
Ба 16 куҳансарбози тоҷик аз номи президент, мири шаҳр ва раиси ноҳия 12 ҳазор тақдим шуд
Sputnik Тоҷикистон
16 нафар куҳансарбозони шаҳри Душанбе бо кумаки пулӣ қадрдонӣ шуданд 05.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-05T18:39+0500
2021-05-05T18:39+0500
2021-07-29T13:14+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
пул
куҳансарбозон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/05/1039277183_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_880fcd3bc9ea32134a2d6d4be23c1b67.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ба аёдати иштирокчиии Ҷанги Бузурги Ватан дар ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур як гурӯҳ иборат аз намояндагони Дастгоҳи раисиҷумҳур, муовинони Рустами Эмомалӣ ва ҳамчунин намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин се ноҳия дар солгарди навбатии таҷлили ғалаба дар ҶБВ рафтанд.Ба иттилои котиботи раиси шаҳри Душанбе, зимни хабаргирии куҳансарбозон аз номи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо 10 ҳазор сомонӣ ҳамчун кумаки пулӣ тақдим карда шуд.Илова бар ин, аз номи Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, 1 500 ва аз номи раиси ноҳияи Сино 750 ва раиси ноҳияи Фирдавсӣ 500 сомонӣ ба ҳар кадоме ҳадя гардид.Манбаъ меафзояд, аз тарафи Шӯрои собиқадорони ноҳия низ ба иштирокчиёни ҶБВ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе ҳоло 16 куҳансарбоз умр ба сар мебаранд.Дар қаламрави ҷумҳурӣ бошад то имрӯз 94 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд.Ёдовар мешавем, ки дар Русия имсол Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ чун анъана 9 май таҷлил мешавад.Дар чорабинии мазкур иштироки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар аст.
https://sputnik.tj/20210505/rahmon-maskav-davat-1039265424.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/05/1039277183_77:0:960:662_1920x0_80_0_0_bb120c73ab742277f08c54c89f826fe3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, пул, куҳансарбозон
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, пул, куҳансарбозон
Ба 16 куҳансарбози тоҷик аз номи президент, мири шаҳр ва раиси ноҳия 12 ҳазор тақдим шуд
18:39 05.05.2021 (Навсозишуда: 13:14 29.07.2021) 16 нафар куҳансарбозони шаҳри Душанбе бо кумаки пулӣ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ба аёдати иштирокчиии Ҷанги Бузурги Ватан дар ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур як гурӯҳ иборат аз намояндагони Дастгоҳи раисиҷумҳур, муовинони Рустами Эмомалӣ ва ҳамчунин намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин се ноҳия дар солгарди навбатии таҷлили ғалаба дар ҶБВ рафтанд.
Ба иттилои котиботи раиси шаҳри Душанбе, зимни хабаргирии куҳансарбозон аз номи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо 10 ҳазор сомонӣ ҳамчун кумаки пулӣ тақдим карда шуд.
Илова бар ин, аз номи Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, 1 500 ва аз номи раиси ноҳияи Сино 750 ва раиси ноҳияи Фирдавсӣ 500 сомонӣ ба ҳар кадоме ҳадя гардид.
Манбаъ меафзояд, аз тарафи Шӯрои собиқадорони ноҳия низ ба иштирокчиёни ҶБВ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе ҳоло 16 куҳансарбоз умр ба сар мебаранд.
Дар қаламрави ҷумҳурӣ бошад то имрӯз 94 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия имсол Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ чун анъана 9 май таҷлил мешавад.
Дар чорабинии мазкур иштироки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар аст.