Санаи сафари Тоқаев ба Душанбе маълум шуд

© Фотохост-агентство sco-russia2020.ru / Гузариш ба медиабонкПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Обуна шудан
Сарвари Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меояд
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев рӯзҳои 19-20 май ба Тоҷикистон ташрифи расмӣ меорад.
Бино ба иттилои котиби матбуотии президенти Қазоқистон Берик Уалӣ, дар ин сафар Тоқаев ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунад.

"Президент Қосим Ҷомарт Тоқаев бо даъвати Президент Эмомалӣ Раҳмон 19-20 майи соли равон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ҷараёни сафар мулоқотҳои сарони ду давлат дар шакли маҳдуд ва васеъ ба нақша гирифта шудааст", - навиштааст Уалӣ дар сафҳаи Фейсбуки худ.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзномаи музокирот масъалаҳои рушди шарикии стратегии ду кишварро бо таъкид ба таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар бар мегирад.
"Ба тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, таъмини субот ва амният дар Осиёи Марказӣ диққати махсус дода мешавад", - гуфт Уалӣ.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раҳмон ба Тоқаев аз таърихи муноқишаи марзӣ гуфт: мулоқоти сарони Тоҷикистону Қирғизистон
Қаблан хабар дода шуд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвари Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев гуфтугӯи телефонӣ дошт.
Дар ҷараёни музокирот Раҳмон пешниҳод кард, ки Токаев моҳи май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ояд.
Лентаи хабарҳо
0