https://sputnik.tj/20210504/rahmon-namoyandai-mahsus-ima-muloqot-1039261155.html
Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси ИМА мулоқот кард
Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси ИМА мулоқот кард
Sputnik Тоҷикистон
Мавзӯи меҳварии мулоқоти ҷонибҳо сулҳ дар Афғонистон ва амниятии минтақа будааст
2021-05-04T20:27+0500
2021-05-04T20:27+0500
2021-05-04T20:27+0500
дар тоҷикистон
има
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/04/1039261258_0:112:3077:1843_1920x0_80_0_0_49b2d33eb02ea6cec2f4fae69f75af41.jpg
ДУШАНБЕ 4 май - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки бо боздиди корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот кардаастБино ба иттилои котиботи президент, дар рафти мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон, бахусус раванди барқарории сулҳу субот дар ин кишвар, ҳамчунин масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.Вобаста ба ин Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ва пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо он пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷониби мо қарор дорад.Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон талошҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати истиқрори амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд, таъкид карданд, ки дар ин зимн аз музокироти байниафғоние, ки ба ин манзур сурат мегиранд, истиқбол менамояд.Мавзӯоти дигаре, ки дар меҳвари мулоқот қарор доштанд, ин вазъи имрӯзаи амниятии минтақа мебошад, афзудааст манбаъ.Ба иттилои манбаъ, роҷеъ ба ин мавзӯот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд намуданд.Дар ин робита таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъйю талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии он саҳми худро гузорад.
https://sputnik.tj/20210504/muloqot-muhriddin-namoyandai--ima-afghoniston-1039257354.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/04/1039261258_346:0:3077:2048_1920x0_80_0_0_0f053a17a6e59ccf13e91e391ae8a46b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, халилзод, мулоқот
эмомалӣ раҳмон, халилзод, мулоқот
Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси ИМА мулоқот кард
Мавзӯи меҳварии мулоқоти ҷонибҳо сулҳ дар Афғонистон ва амниятии минтақа будааст
ДУШАНБЕ 4 май - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки бо боздиди корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот кардааст
Бино ба иттилои котиботи президент, дар рафти мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон, бахусус раванди барқарории сулҳу субот дар ин кишвар, ҳамчунин масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.
Вобаста ба ин Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ва пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо он пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷониби мо қарор дорад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон талошҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати истиқрори амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд, таъкид карданд, ки дар ин зимн аз музокироти байниафғоние, ки ба ин манзур сурат мегиранд, истиқбол менамояд.
Мавзӯоти дигаре, ки дар меҳвари мулоқот қарор доштанд, ин вазъи имрӯзаи амниятии минтақа мебошад, афзудааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, роҷеъ ба ин мавзӯот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд намуданд.
Дар ин робита таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъйю талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии он саҳми худро гузорад.