Наҷотдиҳандагон духтарчаи дар кӯҳҳои Камароб гумшударо ёфтанд: аз хайма баромада рафтааст

© Sputnik / Стас ЭтвешГоры в Таджикистане, архивное фото
Горы в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Обуна шудан
Наҷотбахшони гурӯҳи фаврии КҲФ дар минтақаи Рашт ҳангоми амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот як кӯдаки гумшударо пайдо кардаанд
ДУШАНБЕ, 4май - Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ба нуқтаи навбатдори фаврии ҚҲФ дар бораи гум шудани як кӯдаки хурдсол дар ҳудуди деҳаи Шулеи ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт занг ворид шуд.
Горы Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Дарёфти пайиҳами ҷасади хоҳарони ҷавон дар кӯҳи Леваканд: мақомот таҳқиқ доранд
Ба иттилои манбаъ, ба ҷои ҳодиса расидан замон, наҷотбахшони Кумитаи муайян карданд, ки сокини маҳаллии ин деҳа дар маҳалли назди шаҳраки "Камароби Калон", ки дар минтақаи кӯҳистонӣ ҷойгир аст, корҳои кишоварзӣ ва саҳроӣ анҷом медод. Оилааш низ бо ӯ дар замин кор мекарданд.
Гуфта мешавад, аз сабаби хунукназарии волидон ва беназоратии онҳо, духтари 3-сола, аз хайма баромада, ба самти номаълум рафт.
Ҷустуҷӯи мустақилона барои дарёфти кӯдак натиҷа надод.
"Наҷотдиҳандагони КҲФ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, корҳои ҷустуҷӯиро оғоз намуданд. Дар натиҷаи амалиёти соатҳои зиёди ҷустуҷӯ ва наҷот, духтар 1,5 км дуртар аз ҷои истиқомати волидонаш ёфт шуд", - афзудааст манбаъ.
Дар робита ба ин, КЩФ бори дигар аз волидон даъват мекунад, ки нисбат ба ба кӯдакон, алахусус наврасон, то ҳадди имкон бодиққат бошанд! Онҳоро танҳо ва беназорат нагузоред. Назорати якдафъаина ва хунукназарӣ метавонад боиси фоҷиа гардад.
Лентаи хабарҳо
0