https://sputnik.tj/20210414/daryoft-jasad-dar-kschschoi-levakand-1038449597.html
Дарёфти пайиҳами ҷасади хоҳарони ҷавон дар кӯҳи Леваканд: мақомот таҳқиқ доранд
Дарёфти пайиҳами ҷасади хоҳарони ҷавон дар кӯҳи Леваканд: мақомот таҳқиқ доранд
Sputnik Тоҷикистон
Ноҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҷасади боз як зани 23 - соларо аз кӯҳҳои Леваканд ёфтанд.
2021-04-14T14:33+0500
2021-04-14T14:33+0500
2021-04-22T16:40+0500
дар тоҷикистон
кҳф
ҷасад
леваканд
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103026/00/1030260031_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_3cdb6f4ff06bdb612b70e5609b013aea.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апрел - Sputnik. Ноҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҷасади боз як зани 23 - соларо аз кӯҳҳои деҳаи Зартеғи ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Леваканд (собиқ Сарбанд) ёфтаанд.Бо тасдиқи ин хабар аз Кумита ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, наҷотдиҳандагон ҷасадро аз кӯҳҳо бо роҳҳои душворгузари кӯҳӣ, ки ҳудудан 6 километр масофа буд, аз баландии 2000 метр фароварданд.Дар ҳоли ҳозир ҷасад ба мақомоти марбута барои дақиқ кардани сабабҳо супорида шудааст.Гуфта мешавад, марҳум сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буда, ҷасади ӯро аз баландии тақрибан 2 ҳазор метр фаровардаанд.Рӯзи гузашта аз ин кӯҳ дар баландии 1500 метр ҷасади хоҳари 16-солаи ӯро пайдо карданд."Ба назар мерасад ду ҳамшира дар як макон ҳалок шудаанд", - мегӯяд манбаъ.Зикр мегардад, ки феълан сабаби марги духтари ноболиғ низ номаълум аст ва ҳоло мақомоти тафтишотӣ ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.То кунун дар бораи ҳодисаи дуюм ва шахсияти духтарони фавтида Кумита иттилои бештар нашр накардааст.Ёдовар мешавем, зимистони гузашта дар ҳамин минтақа падару писар Солиев Муҳамадбаёни 46 – сола, писараш Солиев Муҳамаддини 15 – сола ва Саидов Рустами 22 – сола, ки ҳамсояи оилаи Солиевҳо мебошад ба ҷустуҷӯйи чорво баромадаву пас аз роҳгумзанӣ дар пайи бориши барфи шадид аз сардӣ ҳалок шуданд.Ҷасади онҳоро низ он замон наҷотдиҳандагони Кумита пас аз ҷанд рӯз бо фосила дарёфт карданд, ки ях баста буданд.
https://sputnik.tj/20210413/jasad-duhtar-kuhho-levakand-daryoft-1038343347.html
https://sputnik.tj/20210129/jasad-padar-pisar-justuju-hamsoya-barf-1032719993.html
леваканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103026/00/1030260031_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_c1699abb25f1b974041e879f2ec466f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф, ҷасад, хоҳарон, леваканд, мақомот
кҳф, ҷасад, хоҳарон, леваканд, мақомот
Дарёфти пайиҳами ҷасади хоҳарони ҷавон дар кӯҳи Леваканд: мақомот таҳқиқ доранд
14:33 14.04.2021 (Навсозишуда: 16:40 22.04.2021) Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, феълан сабаби марги зан дақиқ набуда, мақомот онро муайян хоҳанд кард.
ДУШАНБЕ, 14 апрел - Sputnik. Ноҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҷасади боз як зани 23 - соларо аз кӯҳҳои деҳаи Зартеғи ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Леваканд (собиқ Сарбанд) ёфтаанд.
Бо тасдиқи ин хабар аз Кумита ба
Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, наҷотдиҳандагон ҷасадро аз кӯҳҳо бо роҳҳои душворгузари кӯҳӣ, ки ҳудудан 6 километр масофа буд, аз баландии 2000 метр фароварданд.
Дар ҳоли ҳозир ҷасад ба мақомоти марбута барои дақиқ кардани сабабҳо супорида шудааст.
Гуфта мешавад, марҳум сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буда, ҷасади ӯро аз баландии тақрибан 2 ҳазор метр фаровардаанд.
Рӯзи гузашта аз ин кӯҳ дар баландии 1500 метр ҷасади хоҳари 16-солаи ӯро пайдо карданд.
"Ба назар мерасад ду ҳамшира дар як макон ҳалок шудаанд", - мегӯяд манбаъ.
Зикр мегардад, ки феълан сабаби марги духтари ноболиғ низ номаълум аст ва ҳоло мақомоти тафтишотӣ ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
То кунун дар бораи ҳодисаи дуюм ва шахсияти духтарони фавтида Кумита иттилои бештар нашр накардааст.
Ёдовар мешавем, зимистони гузашта дар ҳамин минтақа падару писар Солиев Муҳамадбаёни 46 – сола, писараш Солиев Муҳамаддини 15 – сола ва Саидов Рустами 22 – сола, ки ҳамсояи оилаи Солиевҳо мебошад ба ҷустуҷӯйи чорво баромадаву пас аз роҳгумзанӣ дар пайи бориши барфи шадид аз сардӣ ҳалок шуданд.
Ҷасади онҳоро низ он замон наҷотдиҳандагони Кумита пас аз ҷанд рӯз бо фосила дарёфт карданд, ки ях баста буданд.