https://sputnik.tj/20210503/tojikiston-qirghiziston-9-may-marzro-mushahhas-1039239548.html
Тоҷикистону Қирғизистон то 9 май беш аз 100 километр марзро мушаххас хоҳанд кард
Тоҷикистону Қирғизистон то 9 май беш аз 100 километр марзро мушаххас хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Қирғизистон ният доранд, раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро то 9 май ба итмом расонанд
2021-05-03T15:35+0500
2021-05-03T15:35+0500
2021-05-03T15:35+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
кдам
демаркатсия
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/18/1039018550_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_1df8268468b8d7ec77e8403433b76d32.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон ният доранд, ки 112 километри сарҳади давлатиро мушаххас намоянд, гуфт роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Қамчибек Тошиев дар мулоқот бо сокинони минтақаи Бодканд.Ба гуфтаи вай, ин раванд бояд то 9 май анҷом хоҳад ёфт.Вай афзуд, ки дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо "дар чанд бахш" ба мувофиқа расиданд.Таниш дар марзМуноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт.Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.Дар Қирғизистон рӯзҳои 1 ва 2 май мотами миллӣ эълон шудааст.Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад.Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.
https://sputnik.tj/20210503/toshiev-protokol-chi-navishtaand-tojikiston-qirgiziston-1039230079.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/18/1039018550_217:0:938:541_1920x0_80_0_0_684b806c5ee98b6fd5d72eadba03fe83.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, марз, мушаххас
тоҷикистон, қирғизистон, марз, мушаххас
Тоҷикистону Қирғизистон то 9 май беш аз 100 километр марзро мушаххас хоҳанд кард
Тоҷикистон ва Қирғизистон ният доранд, раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро то 9 май ба итмом расонанд
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон ният доранд, ки 112 километри сарҳади давлатиро мушаххас намоянд, гуфт роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Қамчибек Тошиев дар мулоқот бо сокинони минтақаи Бодканд.
Ба гуфтаи вай, ин раванд бояд то 9 май анҷом хоҳад ёфт.
"Мо барои мушаххас кардани 112 километр хати марз пешниҳод кардем. Мо бояд то 9 май ин корро анҷом диҳем. Он гоҳ президентҳо имзо мегузоранд ва ба масъалаи демаркатсия хотима меёбад", - гуфт сардори КДАМ Қирғизистон.
Вай афзуд, ки дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо "дар чанд бахш" ба мувофиқа расиданд.
Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт.
Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.
Дар Қирғизистон рӯзҳои 1 ва 2 май мотами миллӣ эълон шудааст.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад.
Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.