https://sputnik.tj/20210503/khf-kudaki-noboligh-ob-gharq-1039244719.html
КҲФ: дар рӯзҳои истироҳатӣ ду кӯдаки ноболиғ дар об ғарқ шуд
КҲФ: дар рӯзҳои истироҳатӣ ду кӯдаки ноболиғ дар об ғарқ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии ду кӯдаки ноболиғ дар рӯзҳои истироҳат хабар дод
2021-05-03T20:00+0500
2021-05-03T20:00+0500
2021-05-03T20:00+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
кӯдак
ғарқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_402:50:3008:1516_1920x0_80_0_0_aba6fb4f496705aca35a32fa0e51abb0.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Бино бар иттилои КҲФ-и Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ дар обҳои Тоҷикистон ду кӯдаки ноболиғ дар об ғарқ шуданд. Тибқи иттилои манбаъ 1 май сокини панҷсолаи деҳаи Ҷовидони Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода аз беназоратии волидон ба дарёчаи Қаратоғ сарозер шуда, ғарқ гардид. Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст, ки ҳодисаи дуюм санаи 2 май дар шарқи кишвар рух дод. Манбаъ қайд кардааст, ки фарзанди 7-солаи сокини деҳаи Косагардони Ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор ҳангоми убур аз пули деҳа дар рӯдхона ғарқ шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.Бахусус ҳангоми убур аз пулҳо ва гашту гузор дар соҳили каналу рӯдхонаҳо ва ҳавзҳои оббозӣ ҳатман онҳоро ҳамроҳӣ кунанд. Ин гуна беназоратӣ метавонад сабаби фоҷеа гардад.
https://sputnik.tj/20210420/fojia-qahramoni-noboligh-tojik-modar-najot-1038808253.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_341:0:3008:2000_1920x0_80_0_0_8efcc3d45f2c93e89ebb9610712cca41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ғарқшавӣ, кӯдак, ноболиғ
тоҷикистон, ғарқшавӣ, кӯдак, ноболиғ
КҲФ: дар рӯзҳои истироҳатӣ ду кӯдаки ноболиғ дар об ғарқ шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии ду кӯдаки ноболиғ дар рӯзҳои истироҳат хабар дод
ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Бино бар иттилои КҲФ-и Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ дар обҳои Тоҷикистон ду кӯдаки ноболиғ дар об ғарқ шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ 1 май сокини панҷсолаи деҳаи Ҷовидони Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода аз беназоратии волидон ба дарёчаи Қаратоғ сарозер шуда, ғарқ гардид.
“Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ва бо гузашти ним соат аз фоҷеа кормандони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади писарбачаро пайдо карда, ба волидонаш супурданд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст, ки ҳодисаи дуюм санаи 2 май дар шарқи кишвар рух дод.
Манбаъ қайд кардааст, ки фарзанди 7-солаи сокини деҳаи Косагардони Ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор ҳангоми убур аз пули деҳа дар рӯдхона ғарқ шуд.
“Корҳои ҷустуҷӯи ин кӯдак ҳамоно идома доранд ва аз натиҷаи он хабар хоҳем дод”, - илова кардааст КҲФ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.
Бахусус ҳангоми убур аз пулҳо ва гашту гузор дар соҳили каналу рӯдхонаҳо ва ҳавзҳои оббозӣ ҳатман онҳоро ҳамроҳӣ кунанд. Ин гуна беназоратӣ метавонад сабаби фоҷеа гардад.