Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷарроҳии шаҳрдори Исфара дар Хуҷанд: тире, ки дар баданаш дармонда буд, гирифта шуд

© Pixabay / Хирурги за работой
Хирурги за работой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Обуна шудан
Марҳилаи дуюми ҷарроҳии Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, ки рӯзи 29 апрел дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар Хоҷаи Аъло аз зарби тир захмин шуда буд, дар Хуҷанд бо муваффақ ба анҷом расидааст
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Фирдавс Турахонов, сартабиби Бемористони клиникавии № 1 дар Хуҷанд ва бародари шаҳрдори Исфара, дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, табибон дирӯз дар марҳилаи нави ҷарроҳӣ, тавонистанд тирро аз бадани Баҳодурзода безарар гардонанд.
“Тир аз тахтапушти рост даромада, ба тарафи чап гузаштааст. Хушбахтона дар натиҷаи гузаронидани ҷарроҳӣ он, ёфт ва безарар гардонида шуд”, - иброз намуд сартабиб.
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, ки яке аз шумори захмиёни муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ гуфта мешавад, ки бегоҳии рӯзи 29 апрел дар Хоҷаи Аъло, аз тарафи рости тахтапушташ аз зарби тир захм бардошт.
Баховаддин Баходурзода, председатель город Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раиси шаҳри Исфара захмӣ шуд
Рӯзи 30 апрел як дафъа ӯро дар Бемористони марказии шаҳри Исфара ҷарроҳӣ карда буданд. Баъди марҳилаи дуюми ҷарроҳӣ дар Хуҷанд, ки табибон ба гирифтани тир муваффақ шуданд, вазъи Баҳодурзода муътадил арзёбӣ мешавад.
“Айни ҳол вазъи саломатиашон хуб аст. Баъди тоза шудани захми ҷарроҳӣ рӯзҳои наздик аз беморхона рухсат шуда, ба кор бармегарданд”, - гуфт Турахонов.

Теъдоди захмиёну кушташудаҳо дар марз чанд аст?

Мақомоти Тоҷикистон расман дар бораи шумори кушташудаҳо бар асари даргирӣ дар марз бо Қирғизистон ҳанӯз иттилое ба нашр нарасонидаанд, аммо манобеи маҳаллӣ ба ҳолати шоми 2 май аз кушта шудани ҳудуди 16 нафар ба ҳисоби аскару афсарон хабар медиҳанд.
Теъдоди маҷруҳон беш аз 110 нафар арзёбӣ мегардад. Вазорати тандурустии Қирғизистон эълон кард, ки ба ҳолати шоми 1 май теъдоди кушташудаҳо бар асари даргириҳои марзӣ дар ин кишвар ба 34 нафар ва маҷруҳон 140 нафар шумурда мешавад.
Пострадавший в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Исфара маълумот оид ба кушташудагону захмиёни муноқишаи марзиро гуфтанд
Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми 28 апрел аз сангзанӣ сар шуда ба тирпарронӣ табдил ёфт.
Муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ асосан дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, ба вуқуъ пайваст.
Баъди ду рӯзи шиддат гирифтани муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ, ки чандин нафар аз ду ҷониб кушта ва захмин шуданд ва даҳҳо иморату иншоотҳо хабаробу оташ зада шуда, рӯзи 30 апрел изҳороти муштарак дар бораи оташбас ба имзо расонида шуд.
Шурӯъ аз рӯзи 1 май комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи аломатгузории марз сари миззи гуфтушунид нишастаанд. Аз 1 май ба ин тараф вазъ дар марз ором аст.
Лентаи хабарҳо
0