https://sputnik.tj/20210420/kordkashi-naqliyot-javoni-ronandaro-kord-zad-1038801045.html
Кордкашӣ дар дохили нақлиёт: ҷавони 18-сола ронандаро 12 корд зад
Кордкашӣ дар дохили нақлиёт: ҷавони 18-сола ронандаро 12 корд зад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки марди 32 сола, ки аз сӯи ҷавони 18 сола 12 корд хурдааст, дар бемористон бистарӣ шудааст
2021-04-20T11:16+0500
2021-04-20T11:16+0500
2021-07-21T19:45+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҷавон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102624/17/1026241776_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_e65e51e6a570532f5707c0ae8fb0f8ee.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ҳодиса санаи 18-уми апрели соли равон дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров рух додааст. Тибқи иттилои манбаъ, марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Зафира”, бо ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ ба қисми рони пойи чапаш 1-маротиба задааст.Гуфта шудааст, ки сипас, ҷавони 18-сола ба марди 32-сола дарафтода, бо истифодаи зӯроварӣ кордро аз дасти ӯ кашида гирифта, 12-маротиба ба аъзои баданаш задааст.Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони номбурда дастгир гардид. Дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷинояти бо моддаи 32 қисми 3 ва 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210303/zarbi-kord-somoni-telefon-Saymumin-taksiron-kusht--1032936118.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102624/17/1026241776_99:0:820:541_1920x0_80_0_0_cde72d807aea9a96115f9147e001d530.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кордкашӣ, ҷавон, кордзанӣ, нақлиёт, вкд
кордкашӣ, ҷавон, кордзанӣ, нақлиёт, вкд
Кордкашӣ дар дохили нақлиёт: ҷавони 18-сола ронандаро 12 корд зад
11:16 20.04.2021 (Навсозишуда: 19:45 21.07.2021) Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки марди 32 - сола, ки аз сӯи ҷавони 18 - сола 12 корд хурдааст, дар бемористон бистарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ҳодиса санаи 18-уми апрели соли равон дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Зафира”, бо ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ ба қисми рони пойи чапаш 1-маротиба задааст.
Гуфта шудааст, ки сипас, ҷавони 18-сола ба марди 32-сола дарафтода, бо истифодаи зӯроварӣ кордро аз дасти ӯ кашида гирифта, 12-маротиба ба аъзои баданаш задааст.
“Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - таъкид даоштааст ВКД тоҷикистон.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони номбурда дастгир гардид.
Дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷинояти бо моддаи 32 қисми 3 ва 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.