Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марз собит аст - ВКД Қирғизистон

© Sputnik / Амир ИсаевВъезд в Ворух, архивное фото
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Обуна шудан
Мақомоти Қирғизистон вазъи имрӯзи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ором бозтобӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Ба ҳолати субҳи 2 май вазъ дар тамоми навоҳӣ ва деҳоти вилояти Бодканд, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон собит аст, хабар медиҳад ВКД Қирғизистон.
"Дар деҳоти наздимарзӣ вазъ пурра таҳти назорат аст. Вазъият дар ҳудудҳои марзӣ ором аст. Ҳеҷ гуна оташкушоӣ ба қайд гирифта нашудааст. Кормандони милиса блокпостҳоро барқарор мекунанд ва бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд", - тавзеҳ медиҳад ВКД.
Личный состав пограничного поста Максат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Бишкек ба ҳалли мусолиматомези низоъ дар марз бо Тоҷикистон умедвор аст
Ёдрас мешавем, шоми 1 май мақомоти Тоҷикистон гузориш дода буданд, ки оташбас ва қарордодҳои бадастомада пурра риоя мешавад.

Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд. Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.Т
ибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.
Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.
Учения ОДКБ в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ревизия: Раҳмону Ҷабборов барои санҷиши қувваи ҳамдигар дар марз созиш кардаанд
Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.
Тибқи маълумоти охирин, аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар сокинон кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки миёнашон раиси шаҳри Исфара низ ҳаст.
Қирғизистон бошад, аз кушта шудани 31 тан ва маҷрӯҳ гаштани 154 нафар хабар медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0