https://sputnik.tj/20210501/yatimov-fojia-mardum-ham-mushkil-nadorad-siyosatmadoron-hal-1039212362.html
Ятимов: ин фоҷиа буд, мардум бо ҳам мушкил надорад, мо сиёсатмадорон бояд ҳал кунем-видео
Ятимов: ин фоҷиа буд, мардум бо ҳам мушкил надорад, мо сиёсатмадорон бояд ҳал кунем-видео
Sputnik Тоҷикистон
Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар пайи гуфтушунид бо ҳамтои қирғизаш, Қамчинбек Тошиев, ҳаводиси рӯзҳои охирро фоҷиа унвон... 01.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-01T18:00+0500
2021-05-01T18:00+0500
2021-05-01T18:00+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
саймумин ятимов
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039212135_0:0:1260:708_1920x0_80_0_0_789adefb49cc4ec17fcbbc9352326d57.jpg
Саймуъмин Ятимов аз натиҷаи мулоқоти 1 май бо ҳамтои қирғизаш дар вилояти Бодканд, танишҳои марзиро боқимонда аз таърих гуфта, ҳаводиси рӯзҳои охирро фоҷиа хонд. Ӯ гуфт, бовар дорад, ки ба зудӣ тамоми масоилро ҳал мекунанду мардум чун анъана дар фазои дӯстӣ зиндагӣ хоҳанд кард. Қамчинбек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон низ ҳаводиси ахири маргбор дар марзро фоҷиа барои ҳар ду тараф хонда, таъкид намуд, ки дар чунин шароит мулоқоту музокирот мушкил буд, аммо бо вуҷуди ин бо дастури роҳбарони давлатҳо мулоқот сурат гирифт. Тошиев изҳор дошт, ки қарор барои оташбаси комил ва бозгардонии техникаю нерӯ ба макони будубоши доимияшон қабул гардид. Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб беш аз 40 нафар ба ҳалокат расиданд.
https://sputnik.tj/20210501/reviziya-rahmon-jabborov-tojikiston-qirgiziston-1039207749.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039212135_120:0:1064:708_1920x0_80_0_0_48622dbc31aca3f8cf47051361ad3541.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, саймумин ятимов, марз
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, саймумин ятимов, марз
Ятимов: ин фоҷиа буд, мардум бо ҳам мушкил надорад, мо сиёсатмадорон бояд ҳал кунем-видео
Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар пайи гуфтушунид бо ҳамтои қирғизаш, Қамчинбек Тошиев, ҳаводиси рӯзҳои охирро фоҷиа унвон карда? таъкид намуд, ки он набояд дигар такрор шавад
Саймуъмин Ятимов аз натиҷаи мулоқоти 1 май бо ҳамтои қирғизаш дар вилояти Бодканд, танишҳои марзиро боқимонда аз таърих гуфта, ҳаводиси рӯзҳои охирро фоҷиа хонд.
"Ин фоҷиае, ки дар марз рух дод, ҳеч гоҳ набояд такрор шавад. Дар ин қитъа мардуми мо хеле муҳлати дароз аҳлона зиндагӣ кардаанд. Мардум ҳеч даъвои ҷиддие алайҳи ҳамдигар надорад, мо сиёсатмадорон бояд бо такя ба асосҳои ҳуқуқӣ масъалаҳоро ҳал кунему ба мардумамон шароит фароҳам орем, ки дар сулҳу дӯстии анъанавияшон зиндагӣ кунанд", - изҳор дошт Ятимов.
Ӯ гуфт, бовар дорад, ки ба зудӣ тамоми масоилро ҳал мекунанду мардум чун анъана дар фазои дӯстӣ зиндагӣ хоҳанд кард.
Қамчинбек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон низ ҳаводиси ахири маргбор дар марзро фоҷиа барои ҳар ду тараф хонда, таъкид намуд, ки дар чунин шароит мулоқоту музокирот мушкил буд, аммо бо вуҷуди ин бо дастури роҳбарони давлатҳо мулоқот сурат гирифт.
Тошиев изҳор дошт, ки қарор барои оташбаси комил ва бозгардонии техникаю нерӯ ба макони будубоши доимияшон қабул гардид.
"Аз имрӯз бо талоши ҳамсояҳо ва мо дар минтақаҳои сарҳадӣ оромии пурра таъмин хоҳад шуд", - изҳори умед намуд Тошиев.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб беш аз 40 нафар ба ҳалокат расиданд.