https://sputnik.tj/20210501/suhbati-jabborov-mirziyoev-vaz-marz-1039205575.html
Мирзиёев дар ҳалли муноқишаи Тоҷикистону Қирғизистон фаъолона ширкат мекунад
Мирзиёев дар ҳалли муноқишаи Тоҷикистону Қирғизистон фаъолона ширкат мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дубора гуфтугӯи телефонӣ доир кардаанд
2021-05-01T14:06+0500
2021-05-01T14:06+0500
2021-05-01T14:24+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
қирғизистон
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
марз
мулоқот
шавкат мирзиёев
содир ҷабборов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032988186_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_b1919d0e2f504ce3934e09c8d78d865d.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи президенти Қирғизистон мулоқоти Ҷабборов бо Мирзиёев имрӯз сурат гирифтааст.Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта низ президентҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон телефонӣ мулоқот доштанд.Ҷонибҳо ба туфайли кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи муштарак аз муътадил шудани вазъ дар сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Гуфта мешавад, Сидир Ҷабборов ва Шавкат Мирзиёев бори дигар тасмими устувори худро барои ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷудаи минтақавӣ тавассути муколамаи созанда ва боэътимод бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки байни халқҳои бародари кишварҳо бори дигар тасдиқ карданд.Ёдовар мешавем, ҳамзамон имрӯз мулоқоти такрории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сидир Ҷабборов доир гашт.Тибқи иттилои котиботи Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибҳо амалӣ гардонидани мувофиқаҳои ҳосилшуда ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.Қаблан созиш шуда буд, ки имрӯз 1 май дар вилояти Бодканд ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар мавриди аломатгузории марз баргузор шавад.Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
https://sputnik.tj/20210501/rotashbasu-gardondani-neru-prezident-tojikiston-qirghiziston-1039204739.html
қирғизистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032988186_79:0:1216:853_1920x0_80_0_0_ffe1200067f5252f68abba2bc274be77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
қирғизистон, ӯзбекистон, ҷабборов, мирзиёев, мулоқот, марз
қирғизистон, ӯзбекистон, ҷабборов, мирзиёев, мулоқот, марз
Мирзиёев дар ҳалли муноқишаи Тоҷикистону Қирғизистон фаъолона ширкат мекунад
14:06 01.05.2021 (Навсозишуда: 14:24 01.05.2021) Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дубора гуфтугӯи телефонӣ доир кардаанд
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи президенти Қирғизистон мулоқоти Ҷабборов бо Мирзиёев имрӯз сурат гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта низ президентҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон телефонӣ мулоқот доштанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба рӯйдодҳои охирин дар қисмати сарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ кардаанд, афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо ба туфайли кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи муштарак аз муътадил шудани вазъ дар сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, Сидир Ҷабборов ва Шавкат Мирзиёев бори дигар тасмими устувори худро барои ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷудаи минтақавӣ тавассути муколамаи созанда ва боэътимод бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки байни халқҳои бародари кишварҳо бори дигар тасдиқ карданд.
Ёдовар мешавем, ҳамзамон имрӯз мулоқоти такрории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сидир Ҷабборов доир гашт.
Тибқи иттилои котиботи Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибҳо амалӣ гардонидани мувофиқаҳои ҳосилшуда ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Қаблан созиш шуда буд, ки имрӯз 1 май дар вилояти Бодканд ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар мавриди аломатгузории марз баргузор шавад.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.