https://sputnik.tj/20210501/sozish-hidmat-yakjoya-milisaho-tojik-qirghiz-1039210073.html
Созиш барои хидмати якҷояи милисаҳои тоҷику қирғиз дар минтақаи низоъ - видео
Созиш барои хидмати якҷояи милисаҳои тоҷику қирғиз дар минтақаи низоъ - видео
Sputnik Тоҷикистон
Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи ташкили гуруҳои муштараки пайроҳадорӣ аз ҳисоби маъмурини милисаи ду кишвар созиш кардаанд
2021-05-01T16:44+0500
2021-05-01T16:44+0500
2021-05-01T16:44+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
осиёи марказӣ
бехатарӣ
назорати тартибот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209818_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_b95f7d545d6410ced6cb71c1b94255bd.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Созиш дар бораи ташкили гуруҳои муштараки пайроҳадории маъмурини милиса дар мулоқоти муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Нозим Иброҳимзода бо ҳамтои қирғизаш Суюнбек Омурзоқов ҳосил шудааст. Мулоқот дар деҳаи Интернационали ноҳияи Лейлеки вилояти Бодканд баргузор шуд, хабар дод ВКД Қирғизистон. Таъкид шудааст, ки гуруҳҳои муштараки посбонӣ - пайроҳадорӣ дар минтақаи низои марзӣ хидмат хоҳанд бурд. "Масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар деҳоти минтақаи Лейлек, барқарор кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар деҳаҳои наздисарҳадӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун, ҳифзи якҷояи тартиботи ҷамъиятӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар сатҳи давлатӣ баррасӣ шуданд", - омадааст дар иттилоияи мақомоти дохилии Қирғизистон. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳарчи зудтар суботро барқарор кунанду ба тирандозиҳо хотима бахшида, амнияти шаҳрвандонро якҷоя таъмин созанд. Зикр шудааст, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи марзӣ таҳти назорати бевоситаи муовинони вазирон қарор хоҳад дошт. Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб беш аз 40 нафар ба ҳалокат расиданд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
https://sputnik.tj/20210501/reviziya-rahmon-jabborov-tojikiston-qirgiziston-1039207749.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209818_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_055605804fcdcf44e34225b2671d7c6d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марз, милиса, даргирӣ
Созиш барои хидмати якҷояи милисаҳои тоҷику қирғиз дар минтақаи низоъ - видео
Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи ташкили гуруҳои муштараки пайроҳадорӣ аз ҳисоби маъмурини милисаи ду кишвар созиш кардаанд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Созиш дар бораи ташкили гуруҳои муштараки пайроҳадории маъмурини милиса дар мулоқоти муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Нозим Иброҳимзода бо ҳамтои қирғизаш Суюнбек Омурзоқов ҳосил шудааст. Мулоқот дар деҳаи Интернационали ноҳияи Лейлеки вилояти Бодканд баргузор шуд, хабар дод ВКД Қирғизистон.
Таъкид шудааст, ки гуруҳҳои муштараки посбонӣ - пайроҳадорӣ дар минтақаи низои марзӣ хидмат хоҳанд бурд.
"Масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар деҳоти минтақаи Лейлек, барқарор кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар деҳаҳои наздисарҳадӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун, ҳифзи якҷояи тартиботи ҷамъиятӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар сатҳи давлатӣ баррасӣ шуданд", - омадааст дар иттилоияи мақомоти дохилии Қирғизистон.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳарчи зудтар суботро барқарор кунанду ба тирандозиҳо хотима бахшида, амнияти шаҳрвандонро якҷоя таъмин созанд.
Зикр шудааст, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи марзӣ таҳти назорати бевоситаи муовинони вазирон қарор хоҳад дошт.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб беш аз 40 нафар ба ҳалокат расиданд.
Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.