https://sputnik.tj/20210501/marz-orom-qirghiziston-tehnika-harbi-nakuchond-1039201492.html
Вазъ дар марз ором аст, вале Қирғизистон то ҳол техникаҳои ҳарбияшро накӯчонидааст
Вазъ дар марз ором аст, вале Қирғизистон то ҳол техникаҳои ҳарбияшро накӯчонидааст
Sputnik Тоҷикистон
Манобеъ аз деҳоти наздимарзии Исфара мегуянд, вазъ дар сарҳад ором аст, вале ҷониби Қирғизистон то ба ҳол техникаҳои ҳарбиро аз сарҳад бо Хоҷаи Аъло накӯчонидааст
2021-05-01T11:19+0500
2021-05-01T11:19+0500
2021-05-01T11:28+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
муноқишаи марзӣ
сарҳад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_f825b39bd1bf9675845cd8aa9944b198.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май – Sputnik. Як манбаъи расмӣ аз шаҳри Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи изҳороти дуҷониба, зуҳри дирӯз 30 апрел масъалаи хуруҷи нерӯ ва техникаҳои ҳарбӣ аз қаламравҳои наздисарҳадӣ ниҳоӣ шуда буд, аммо то ба ҳол мошинҳои низомии ҷониби қирғизҳо аз сарҳад кӯчонида нашудааст. Ҷониби Тоҷикистон дар пайи гуфтушунид ва нашри изҳороти муштарак дар бораи берун кашидани нерӯҳо иктифо карда, шаби гузашта техникаҳои низомияшро аз марз берун кашидааст, гуфт манбаъ.Рӯзи гузашта масъулони амниятии ҳар ду кишвар изҳороти муштарак ба нашр расонидаанд, ки тибқи он гуфта мешавад, ки ҷонибҳо аз соати 13:00-и 30 апрел хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди нерӯ ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд, роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати бемамонияти шаҳрвандонро таъмин кунанд. Қарор аст, имрӯз ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Ботканд баргузор карда шавад ва дар кори он ба ҳисоби мақомоти амниятиву сарҳадбонӣ, инчунин Раҷаббой Аҳмадзода ва Омурбек Суваналиев, раисони вилоятҳои Суғду Ботканд иштирок мекунанд.
https://sputnik.tj/20210501/munoqisha-marz-tojikistonu-qirghiziston-manfiat-1039197311.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_060b3e293cb793f312a1fd4042e851d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, марз, техникаи ҳарбӣ
тоҷикистон, қирғизистон, марз, техникаи ҳарбӣ
Вазъ дар марз ором аст, вале Қирғизистон то ҳол техникаҳои ҳарбияшро накӯчонидааст
11:19 01.05.2021 (Навсозишуда: 11:28 01.05.2021) Манобеъ аз деҳоти наздимарзии Исфара мегуянд, вазъ дар сарҳад ором аст, вале ҷониби Қирғизистон то ба ҳол техникаҳои ҳарбиро аз сарҳад бо Хоҷаи Аъло накӯчонидааст
ДУШАНБЕ, 1 май – Sputnik. Як манбаъи расмӣ аз шаҳри Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи изҳороти дуҷониба, зуҳри дирӯз 30 апрел масъалаи хуруҷи нерӯ ва техникаҳои ҳарбӣ аз қаламравҳои наздисарҳадӣ ниҳоӣ шуда буд, аммо то ба ҳол мошинҳои низомии ҷониби қирғизҳо аз сарҳад кӯчонида нашудааст.
“Қирғизҳо бояд аз шаб ба кучонидани ҳама намуд техникаҳои ҳарбӣ дар марз бо Хоҷаи Аъло оғоз мекарданд. Ҳоло дида мешавад, ки берун набурдаанд”, - гуфт манбаъ.
Ҷониби Тоҷикистон дар пайи гуфтушунид ва нашри изҳороти муштарак дар бораи берун кашидани нерӯҳо иктифо карда, шаби гузашта техникаҳои низомияшро аз марз берун кашидааст, гуфт манбаъ.
Рӯзи гузашта масъулони амниятии ҳар ду кишвар изҳороти муштарак ба нашр расонидаанд, ки тибқи он гуфта мешавад, ки ҷонибҳо аз соати 13:00-и 30 апрел хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди нерӯ ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд, роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати бемамонияти шаҳрвандонро таъмин кунанд.
Қарор аст, имрӯз ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Ботканд баргузор карда шавад ва дар кори он ба ҳисоби мақомоти амниятиву сарҳадбонӣ, инчунин Раҷаббой Аҳмадзода ва Омурбек Суваналиев, раисони вилоятҳои Суғду Ботканд иштирок мекунанд.