Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон барои афроди дар муноқишаи марзӣ фавтида, мотам эълон кард

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина молится на кладбище
Мужчина молится на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Обуна шудан
Мақомоти Қирғизистон барои марги қурбониёни низои марзӣ мотами дурӯза эълон кард
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Рӯзҳои 1-2 май дар Қирғизистон мотам барои афроди ҳалокшуда дар муноқишаи марзӣ эълон карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлати Қирғизистон.
"Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов фармонеро имзо кард, ки мувофиқи он 1-2 майи соли 2021 дар Ҷумҳурии Қирғизистон рӯзҳои мотами миллӣ эълон карда мешавад", - гуфт сухангӯи хадамоти матбуот.
Қайд карда мешавад, ки дар рӯзҳои мотам дар саросари кишвар, инчунин дар биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарӣ дар хориҷа, парчамҳои давлатӣ фароварда мешаванд, ба муассисаҳои фарҳангӣ ва шабакаҳои телевизионӣ тавсия дода мешавад, ки чорабиниҳо ва барномаҳои фароғатиро лағв кунанд.
Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марз мӯътадил аст, роҳи автомобилгарди Ош-Исфара кушода шуд
Инчунин хабар дода мешавад, ки мақомот ба оилаҳои ҳалокшудагон ва маҷрӯҳон ёрии зарурӣ мерасонанд.

Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд. Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси ноҳия Ботканд Ақилбек Орозов таҳрик додааст.
Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд. Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.
Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
70-я сессия Генеральной Ассамблеи ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Таассуфи СММ аз қурбониёни низои марзӣ ва истиқболаш аз гуфтугӯи Раҳмону Ҷабборов
Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.
Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.
Тибқи маълумоти охирин, аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар сокинон кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки миёнашон раиси шаҳри Исфара низ ҳаст.
Қирғизистон бошад, аз кушта шудани 31 тан ва маҷрӯҳ гаштани 154 нафар хабар медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0