https://sputnik.tj/20210501/marzboni-qirghiziston-tojikiston-tehnikai-vaznin-1039208857.html
Марзбонии Қирғизистон мегӯяд, Тоҷикистон техникаи вазнин овардааст
Марзбонии Қирғизистон мегӯяд, Тоҷикистон техникаи вазнин овардааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, Тоҷикистон техникаи вазнини низомӣ дар хатти марзро ҷамъ оварда истодааст. Мақомоти тоҷик ин иддаоро бепоя хонданд
2021-05-01T16:00+0500
2021-05-01T16:00+0500
2021-05-01T16:00+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
осиёи марказӣ
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102856/13/1028561306_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_541e6021db41e6258af7780b13c41a87.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба ҳолати 15:00 – и 1 май вазъ дар марзро мураккаб хонда, иддао дорад, ки ҷониби Тоҷикистон техникаи вазнинро дар хати марз ҷамъ овардааст. Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар ҷамъоварии техникаи вазнин бархилофи созишҳои қаблан ҳосилшуда айбдор кардааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон аз қавли котиботи марзбонӣ. Таъкид шудааст, ки Уларбек Шаршеев, фармондеҳи марзбонии Қирғизистон барои музокирот бо ҷониби Тоҷикистон рафтааст. Ин дар ҳолест, ки президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз созиш кардаанд, ки комиссияи махсус барои санҷиши тарафайни техника дар наздикии марз ташкил хоҳад шуд. Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов эҳтироми тарафайнро ба тамомияти арзии давлатӣ баён дошта, бори дигар таъкид намудаанд, ки техникаю нерӯ бояд аз марз ба макони доимии худ баргардонда шавад. Таъкид шудааст, ки бозгардондани нерӯю техника бояд аз ҳарду ҷониб сурат гирад. Роҳбарон зикр кардаанд, ки дар айни ҳол Комиссияи байниҳукуматӣ барои ҳалли масоили мавҷуда кор бурда истодаанд. Президентҳо махсусан таъкид намудаанд, ки ба иғвоангезиҳое, ки вазъро ноором месозанд, набояд роҳ дод. Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
https://sputnik.tj/20210501/reviziya-rahmon-jabborov-tojikiston-qirgiziston-1039207749.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102856/13/1028561306_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_89918ecca1dcbaf8f9e1d243bda9d298.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марз, техника, вазнин
Марзбонии Қирғизистон мегӯяд, Тоҷикистон техникаи вазнин овардааст
Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, Тоҷикистон техникаи вазнини низомӣ дар хатти марзро ҷамъ оварда истодааст. Тоҷикистон ин иддаоро бепоя хонд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба ҳолати 15:00 – и 1 май вазъ дар марзро мураккаб хонда, иддао дорад, ки ҷониби Тоҷикистон техникаи вазнинро дар хати марз ҷамъ овардааст.
Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар ҷамъоварии техникаи вазнин бархилофи созишҳои қаблан ҳосилшуда айбдор кардааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон аз қавли котиботи марзбонӣ. Таъкид шудааст, ки Уларбек Шаршеев, фармондеҳи марзбонии Қирғизистон барои музокирот бо ҷониби Тоҷикистон рафтааст.
Ин дар ҳолест, ки президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз созиш кардаанд, ки комиссияи махсус барои санҷиши тарафайни техника дар наздикии марз ташкил хоҳад шуд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов эҳтироми тарафайнро ба тамомияти арзии давлатӣ баён дошта, бори дигар таъкид намудаанд, ки техникаю нерӯ бояд аз марз ба макони доимии худ баргардонда шавад. Таъкид шудааст, ки бозгардондани нерӯю техника бояд аз ҳарду ҷониб сурат гирад.
“Президентҳо созиш кардаанд, ки Комиссияи муштарак барои ревизияи техникаи низомӣ дар хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ташкил карда мешавад”, - таъкид кардаст котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон.
Роҳбарон зикр кардаанд, ки дар айни ҳол Комиссияи байниҳукуматӣ барои ҳалли масоили мавҷуда кор бурда истодаанд. Президентҳо махсусан таъкид намудаанд, ки ба иғвоангезиҳое, ки вазъро ноором месозанд, набояд роҳ дод.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.