https://sputnik.tj/20210501/hayat-tojikiston-qirghiziston--sarhad-barrasi-1039207966.html
Ҳайати Тоҷикистон ба Қирғизистон расид: масоили марзро баррасӣ мекунанд
Ҳайати Тоҷикистон ба Қирғизистон расид: масоили марзро баррасӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Манобеъ аз шаҳри Исфара дар бораи сафари ҳайати расмии Тоҷикистон ба вилояти Ботканди Қирғизистон иттилоъ доданд
2021-05-01T15:24+0500
2021-05-01T15:24+0500
2021-05-01T15:57+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
муноқишаи марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_f825b39bd1bf9675845cd8aa9944b198.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май – Sputnik. Мақомоти расмӣ аз шаҳри Исфара сафари ҳайати расмии Тоҷикистон ба вилояти Боткандро тасдиқ карданд. Бино ба иттилоъи манбаъ сафари мақомдорони кишвар оиди баррасии масоили марзӣ, соати 14:45 дақиқа бо вақти маҳаллӣ сурат гирифтааст. Қарор аст, дар Ботканд комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили марзиро ба баррасӣ гузошта, гуфтушунид доир намоянд. Дар ин сафар ҷониби Тоҷикистонро масъулони Кумитаи амнияти миллӣ, Кумитаи заминсозӣ, Идораи замин, раиси вилояти Суғд ва раисону масъулони навоҳии наздимарзии шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафуров ҳамроҳӣ намудаанд. Қаблан созиш шуда буд, ки имрӯз 1 май дар вилояти Бодканд ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар мавриди аломатгузории марз баргузор шавад.Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
https://sputnik.tj/20210501/rotashbasu-gardondani-neru-prezident-tojikiston-qirghiziston-1039204739.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_060b3e293cb793f312a1fd4042e851d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, марз, гуфтушунид
тоҷикистон, қирғизистон, марз, гуфтушунид
Ҳайати Тоҷикистон ба Қирғизистон расид: масоили марзро баррасӣ мекунанд
15:24 01.05.2021 (Навсозишуда: 15:57 01.05.2021) Манобеъ аз шаҳри Исфара дар бораи сафари ҳайати расмии Тоҷикистон ба вилояти Ботканди Қирғизистон иттилоъ доданд
ДУШАНБЕ, 1 май – Sputnik. Мақомоти расмӣ аз шаҳри Исфара сафари ҳайати расмии Тоҷикистон ба вилояти Боткандро тасдиқ карданд.
Бино ба иттилоъи манбаъ сафари мақомдорони кишвар оиди баррасии масоили марзӣ, соати 14:45 дақиқа бо вақти маҳаллӣ сурат гирифтааст.
“Ҳайати комиссияро, ки савори 17 мошин ҳастанд, нозирони БДА аз ҷониби Қирғизистон роҳбаладӣ намуда, то маркази Ботканд мерасонанд”, гуфт манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Қарор аст, дар Ботканд комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили марзиро ба баррасӣ гузошта, гуфтушунид доир намоянд.
Дар ин сафар ҷониби Тоҷикистонро масъулони Кумитаи амнияти миллӣ, Кумитаи заминсозӣ, Идораи замин, раиси вилояти Суғд ва раисону масъулони навоҳии наздимарзии шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафуров ҳамроҳӣ намудаанд.
Қаблан созиш шуда буд, ки имрӯз 1 май дар вилояти Бодканд ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар мавриди аломатгузории марз баргузор шавад.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд.
Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.