https://sputnik.tj/20210430/raisi-isfara-jarrohi-1039175642.html
Ҳолаш хуб: раиси шаҳри Исфараро ҷарроҳӣ карданд
Ҳолаш хуб: раиси шаҳри Исфараро ҷарроҳӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Феълан табибон вазъи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзодаро хуб арзёбӣ мекунанд 30.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-30T13:10+0500
2021-04-30T13:10+0500
2021-04-30T14:07+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1a/1032348764_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_4f067142c52762d227326f8ad21bf147.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Раиси шаҳри Исфара, Баҳоваддин Баҳодурзодаро дар бемористони марказии шаҳри Исфара ҷарроҳӣ карданд.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи сухангӯи раиси шаҳри Исфара, Зубайдулло Шомадов хабар дод.Ёдрас мешавем, рӯзи 29 апрел Баҳодурзода ҳангоми боздид аз минтақаи даргирӣ дар марз аз қисми тахтапушташ тир хӯрда, захм бардошта буд.Бино бар гуфтаи Шомадов, феълан вазъи раиси шаҳрро табибон хуб арзёбӣ мекунанд.Ҷарроҳӣ шоми 29 апрел дар бемористони марказии шаҳри Исфара сурат гирифтааст. Ёдрас мешавем, дирӯз хабар дода шуда буд, ки Баҳоваддин Баҳодурзодаро баъди тир хӯрдан, бино бар ноамн будани роҳ, наметавонанд ба бемористони марказӣ интиқол диҳанд.Ёдрас мешавем, Баҳодурзода охирҳои соли 2020 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон раиси шаҳри Исфара таъин гардида буд.Ӯ дарҳол пас аз таъин гаштанаш дар маҷлисе гуфт, ки вазъи марзро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад.Баҳоваддин Баҳодурзода зимни мулоқот бо сокинон гуфт, барои расидагӣ ба мушкилоти мардуми минтақа дар навбати худ гуфтааст, минбаъд ӯ як рӯзи ҳафтаи кории худро дар Ворух хоҳад гузаронд.Ҳамзамон зимни мулоқот мардум ва шаҳрдор пиромуни масъалаҳои муҳими аҳамияти сиёсию стратегидоштае чун бунёди роҳи мустақими Ворух, ҳалли масъалаи чарогоҳ, пешгирии ҳолатҳои номатлуби рабуда шудани чорвои мардум аз ҷониби ҳамсоягон, баргардонидани чорвои қаблан рабудашуда гуфтугӯ карда буд.
https://sputnik.tj/20210429/sadoi-tir-khomush-shud-isfara-qirghiziston-orom-1039164785.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1a/1032348764_49:0:960:683_1920x0_80_0_0_d113d738343d5fa5d7ba2ac93a35e6b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, марз
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, марз
Ҳолаш хуб: раиси шаҳри Исфараро ҷарроҳӣ карданд
13:10 30.04.2021 (Навсозишуда: 14:07 30.04.2021) Феълан табибон вазъи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзодаро хуб арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Раиси шаҳри Исфара, Баҳоваддин Баҳодурзодаро дар бемористони марказии шаҳри Исфара ҷарроҳӣ карданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи сухангӯи раиси шаҳри Исфара, Зубайдулло Шомадов хабар дод.
Ёдрас мешавем, рӯзи 29 апрел Баҳодурзода ҳангоми боздид аз минтақаи даргирӣ дар марз аз қисми тахтапушташ тир хӯрда, захм бардошта буд.
Бино бар гуфтаи Шомадов, феълан вазъи раиси шаҳрро табибон хуб арзёбӣ мекунанд.
"Вазъашон хуб аст. Азбаскӣ захм сабук буд, ҷарроҳӣ низ сабук гузашт, аллакай аз ҷой хеставу роҳ мегарданд", - тавзеҳ дод Зубайдулло Шомадов.
Ҷарроҳӣ шоми 29 апрел дар бемористони марказии шаҳри Исфара сурат гирифтааст. Ёдрас мешавем, дирӯз хабар дода шуда буд, ки Баҳоваддин Баҳодурзодаро баъди тир хӯрдан, бино бар ноамн будани роҳ, наметавонанд ба бемористони марказӣ интиқол диҳанд.
Ёдрас мешавем, Баҳодурзода охирҳои соли 2020 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон раиси шаҳри Исфара таъин гардида буд.
Ӯ дарҳол пас аз таъин гаштанаш дар маҷлисе гуфт, ки вазъи марзро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад.
Баҳоваддин Баҳодурзода зимни мулоқот бо сокинон гуфт, барои расидагӣ ба мушкилоти мардуми минтақа дар навбати худ гуфтааст, минбаъд ӯ як рӯзи ҳафтаи кории худро дар Ворух хоҳад гузаронд.
Ҳамзамон зимни мулоқот мардум ва шаҳрдор пиромуни масъалаҳои муҳими аҳамияти сиёсию стратегидоштае чун бунёди роҳи мустақими Ворух, ҳалли масъалаи чарогоҳ, пешгирии ҳолатҳои номатлуби рабуда шудани чорвои мардум аз ҷониби ҳамсоягон, баргардонидани чорвои қаблан рабудашуда гуфтугӯ карда буд.