https://sputnik.tj/20210430/omuzgoron-rus-mintaqa-dargiri-tojikiston-1039194509.html
Омӯзгорони русро аз минтақаи даргирӣ дар Тоҷикистон кӯчониданд
Омӯзгорони русро аз минтақаи даргирӣ дар Тоҷикистон кӯчониданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маорифи Русия дар бораи сарнавишти омӯзгорони Федератсияи Русия, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кор мекунанд, нақл кард 30.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-30T20:58+0500
2021-04-30T20:58+0500
2021-04-30T20:58+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031744841_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_8354ff2dff47d9d2e05418d3b2afc2ad.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апрел - Sputnik. Омӯзгорони Русия, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, дар робита ба низои низомӣ дар марз бо Қирғизистон ба минтақаҳои бехатар интиқол дода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати илм ва маорифи Федератсияи Русия. "Бо назардошти мураккаб шудани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, се муаллиме, ки дар мактаби деҳаи Хистеварз, ҳаммарз бо Қирғизистон кор мекарданд, ба минтақаи бехатар кӯчонида шуданд", - омадааст дар иттилоия. Вазорати маориф таъкид кардааст, ки интиқоли омӯзгоронро намояндагии Россотрудничество ва сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон низ мусоидат кардаанд. Хотиррасон мекунем, ки омӯзгорони рус дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи таблиғи забони русӣ дар Тоҷикистон қарор доранд. Омӯзгорон дар мактабҳои шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Ваҳдат, дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара ва Кушониёни вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рашт, Спитамен, Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд дарс медиҳанд. Имрӯзҳо дар вилояти Суғд тақрибан 18 нафар омӯзгорон аз Русия ҳузур доранд.
https://sputnik.tj/20210430/navras-qirghiz-tojikiston-sarpanoh-1039193634.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031744841_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_a22252a545e583af3922846a1d4f131c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, марз
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, марз
Омӯзгорони русро аз минтақаи даргирӣ дар Тоҷикистон кӯчониданд
Вазорати маорифи Русия дар бораи сарнавишти омӯзгорони Федератсияи Русия, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кор мекунанд, нақл кард
ДУШАНБЕ, 30 апрел - Sputnik. Омӯзгорони Русия, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, дар робита ба низои низомӣ дар марз бо Қирғизистон ба минтақаҳои бехатар интиқол дода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати илм ва маорифи Федератсияи Русия.
"Бо назардошти мураккаб шудани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, се муаллиме, ки дар мактаби деҳаи Хистеварз, ҳаммарз бо Қирғизистон кор мекарданд, ба минтақаи бехатар кӯчонида шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати маориф таъкид кардааст, ки интиқоли омӯзгоронро намояндагии Россотрудничество ва сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон низ мусоидат кардаанд.
Хотиррасон мекунем, ки омӯзгорони рус дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи таблиғи забони русӣ дар Тоҷикистон қарор доранд.
Омӯзгорон дар мактабҳои шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Ваҳдат, дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара ва Кушониёни вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рашт, Спитамен, Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд дарс медиҳанд.
Имрӯзҳо дар вилояти Суғд тақрибан 18 нафар омӯзгорон аз Русия ҳузур доранд.