https://sputnik.tj/20210430/navras-qirghiz-tojikiston-sarpanoh-1039193634.html
Рафтем, ба хона: ду навраси қирғиз дар Тоҷикистон сарпаноҳ ёфтанд
Рафтем, ба хона: ду навраси қирғиз дар Тоҷикистон сарпаноҳ ёфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Волидони ин наврасон натавонистанд, ки барои бурданашон аз Қирғизистон ба Тоҷикистон биёянд 30.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-30T20:35+0500
2021-04-30T20:35+0500
2021-04-30T21:18+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039193403_0:66:601:404_1920x0_80_0_0_ae7bceb336c5133cd7249e3f79a664c7.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ду навраси қирғизистонӣ дар Тоҷикистон сарпаноҳ ёфтанд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд дар истинод ба омӯзгор Гулчеҳра Исоева.Ин ду наврас, Озодбек Назарматов ва Беҳзод Қобилов дар мактаб - парваришгоҳи махсуси Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳсил мекардаанд.Бино бар қавли омӯзгори мактаб, рӯзи 29 апрел, вақте вазъ дар минтақаҳои марзӣ муташанниҷ шуд ва хонандагонро дар мактабе паноҳ доданд. Имрӯз баъди эътидол омадани вазъ омӯзгорон хонандагонро, ки аз 18 шаҳру ноҳияи атроф будаанд, гусел кардаанд."Ду қирғиз – Озодбек Назарматов аз Исфана ва Беҳзод Қобилов аз ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизисто, ки дар мактаби мо таҳсил мекунанд, бо имову ишора ба мо мегуфтанд, ки ба куҷо рафтан ва чӣ кор карданро намедонанд", - идома медиҳад вай.Исоева мегӯяд, бино бар "забона задани оташи ҷанг ва волидони наврасон натавонистанд барои бурданашон ба ноҳия оянд".Дар ҳамин ҳол, ду навраси тоҷик ба ҳамсолони қирғизашон дасти мадад дароз кардаву барояшон сарпаноҳ пешниҳод кардаанд."Адҳам Озодбекро ба ноҳияи Зафаробод ва Чеҳронбек Беҳзодро ба ноҳияи Деваштич ба хонаашон бурданд. Ба симои ду нафар қирғизбача ва ду нафар тоҷик, чор нафар ноболиғон менигаристаму ба риштаи дӯстии бачагонаашон ҳам дар ҳайрат мондаму ҳам шод гардидам. Онон бо ин васила ду қирғизро ҳимоя месохтанд. Ашк рехтам. Чӣ замонае, чӣ таззоди зиндагист, ки аз даҳшати оташи набард, ҳамсабқонашонро тавонистанд ҳифз кунанд", - мегӯяд бо эҳсос омӯзгор.Вазъ дар марзВазъ дар марзро баъди ду рӯзи бесарусомнӣ феълан манбаъҳо ором арзёбӣ мекунанд. Ҷонибҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбас санад имзо карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки техникаву нерӯро аз марз бозпас гиранд ва роҳҳро кушоянд.Ёдрас мешавем, пештар, шаби 30 апрел мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз музокирот изҳороти муштаракеро бо имзои роҳбари КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва намояндаи сиёсии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд, Омурбек Суваналиев интишор карданд.Дар ин изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки ҳарду кишвар ба даргириҳои мусаллаҳона хотима дода, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ бармегардонанд.
https://sputnik.tj/20210430/muvofiqa-rahmot-jalasa-bodkand-1039192436.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039193403_0:10:601:460_1920x0_80_0_0_a3b6201ba04f712295a7f984edd5e002.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, марз
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, марз
Рафтем, ба хона: ду навраси қирғиз дар Тоҷикистон сарпаноҳ ёфтанд
20:35 30.04.2021 (Навсозишуда: 21:18 30.04.2021) Волидони ин наврасон натавонистанд, ки барои бурданашон аз Қирғизистон ба Тоҷикистон биёянд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ду навраси қирғизистонӣ дар Тоҷикистон сарпаноҳ ёфтанд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд дар истинод ба омӯзгор Гулчеҳра Исоева.
Ин ду наврас, Озодбек Назарматов ва Беҳзод Қобилов дар мактаб - парваришгоҳи махсуси Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳсил мекардаанд.
Бино бар қавли омӯзгори мактаб, рӯзи 29 апрел, вақте вазъ дар минтақаҳои марзӣ муташанниҷ шуд ва хонандагонро дар мактабе паноҳ доданд.
"Баробари шунидани садои тиру туфанг, тахминан соати 17- 30 дақиқаи санаи 29 – уми апрел барои бехатарии 308 толибилм онҳоро ба яке аз мактабҳои Ҷамоати деҳоти Зарзамин ҷой кардем", - мегӯяд омӯзгор Гулчеҳра Исоева.
Имрӯз баъди эътидол омадани вазъ омӯзгорон хонандагонро, ки аз 18 шаҳру ноҳияи атроф будаанд, гусел кардаанд.
"Ду қирғиз – Озодбек Назарматов аз Исфана ва Беҳзод Қобилов аз ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизисто, ки дар мактаби мо таҳсил мекунанд, бо имову ишора ба мо мегуфтанд, ки ба куҷо рафтан ва чӣ кор карданро намедонанд", - идома медиҳад вай.
Исоева мегӯяд, бино бар "забона задани оташи ҷанг ва волидони наврасон натавонистанд барои бурданашон ба ноҳия оянд".
Дар ҳамин ҳол, ду навраси тоҷик ба ҳамсолони қирғизашон дасти мадад дароз кардаву барояшон сарпаноҳ пешниҳод кардаанд.
"Адҳам Озодбекро ба ноҳияи Зафаробод ва Чеҳронбек Беҳзодро ба ноҳияи Деваштич ба хонаашон бурданд. Ба симои ду нафар қирғизбача ва ду нафар тоҷик, чор нафар ноболиғон менигаристаму ба риштаи дӯстии бачагонаашон ҳам дар ҳайрат мондаму ҳам шод гардидам. Онон бо ин васила ду қирғизро ҳимоя месохтанд. Ашк рехтам. Чӣ замонае, чӣ таззоди зиндагист, ки аз даҳшати оташи набард, ҳамсабқонашонро тавонистанд ҳифз кунанд", - мегӯяд бо эҳсос омӯзгор.
Вазъ дар марзро баъди ду рӯзи бесарусомнӣ феълан манбаъҳо ором арзёбӣ мекунанд. Ҷонибҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбас санад имзо карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки техникаву нерӯро аз марз бозпас гиранд ва роҳҳро кушоянд.
Ёдрас мешавем, пештар, шаби 30 апрел мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз музокирот изҳороти муштаракеро бо имзои роҳбари КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва намояндаи сиёсии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд, Омурбек Суваналиев интишор карданд.
Дар ин изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки ҳарду кишвар ба даргириҳои мусаллаҳона хотима дода, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ бармегардонанд.