Афзоиши теъдоди кушташудаҳою маҷруҳон: тафсилоти талафоти ҷонӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешСкорая помощь, архивное фото
Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Обуна шудан
Бар асоси хабарҳои охир теъдоди кушташудаҳо бар асари даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон наздик ба 50 ва маҷруҳон ба беш аз 245 нафар расидааст
Мақомоти Тоҷикистон расман аз теъдоди кушташудаҳо бар асари даргирӣ дар марз бо Қирғизистон ҳанӯз иттилое надодаанд, аммо манобеи маҳаллӣ ба ҳолати шоми 1 май аз кушта шудани ҳудуди 15 нафар хабар медиҳанд. Теъдоди маҷруҳон беш аз 110 нафар арзёбӣ мегардад.
Вазорати тандурустии Қирғизистон эълон кард, ки ба ҳолати шоми 1 май теъдоди кушташудаҳо бар асари даргириҳои марзӣ ба 34 нафар ва маҷруҳон ҳудуди 140 нафар расид.
Погибший солдат в столкновениях между Таджиками и Кыргызами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
28 - сола ва падари се фарзанд: афсаре, ки дар марзи Қирғизистон кушта шуд
Манбаъ таъкид намуд, ки ҳудуди 25 нафар бо бо ҳавопаймои махсус ба Бишкек интиқол дода шудаанд. Вазъи ду нафар махсус вазнин арзёбӣ мешавад. Омори ҳалокшудаҳо бар асари даргириҳои охири марзӣ аз ҳар ду ҷониб майли афзоиш дорад.
Имзою изҳороти муштараки Тоҷикистону Қирғизистон
Шаби 30 апрел Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Омурбек Суваналиев, раиси вилояти Бодканди Қирғизистон, изҳоротеро имзо кардаанд, ки даргирии мусаллаҳона бояд қатъу нерӯҳо ба макони будубоши доимӣ баргардонда шаванд
Комиссияҳое, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 таъсис ёфт, дар пайи музокирот изҳоротеро имзо намудаанд.
“Ҷонибҳо сабабҳо ва оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карда, ба мувофиқа расиданд, ки даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуда, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба ҷойҳои истиқомати доимӣ баргардонида шуда, барои роҳ надодан ба ташаннӯҷ чораандешӣ шавад”, - омадааст дар изҳороте, ки Ятимов ва Суваналиев имзо кардаанд.
Тибқи ин санад, гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи мӯътадил барои раванди музокироти судманд ба манфиати ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда шавад.
Бар асоси иттилои расида, дар натиҷаи задухӯрдҳо дар марз аз ҷониби Тоҷикистон, се нафар кушта ва 31 нафар маҷрӯҳ гардидаанд. Қирғизистон дар мавриди ҷароҳати 81 нафару ҳалокати се нафар хабар медиҳад.

Баъди оташбас: хабарҳо аз тирпарониҳо

Сарфи назар аз созиши ҳукуматҳо барои оташбас 30 апрел ҳам хабарҳо аз идомаи тирпаронӣ аз ҳарду ҷониб мерасиданд. Баъди оташбас аз ҷониби Қирғизистон ба хонаи як сокини ҷамоати Ворух ҳамла сурат гирифтааст, хабар дод хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи “Тоҷикон”. Ба иттилои манбаъ, ҳодиса тақрибан соати 21:00 баъди созиши оташбас сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, соҳибхона осеб надидааст, чун дар хона набудааст. Раиси маҳалла таъкид намудааст, ки ҷамоати Ворух ҳамоно бидуни барқ буда, роҳ ба он аз ҷониби қирғизҳо баста мебошад. Инчунин аз тирпарониҳо дар маҳаллаи Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Қирғизистон хабар дода мешавад, ки дар натиҷа чандин нафар аз ҷониби Тоҷикистон тир хӯрдаанд.
Генерал-майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ бо либоси низомӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Оташбас, музокирот дар Исфара ва рафтани Шоҳ Искандаров ба Ворух
Дар ҳамин ҳол Sputnik Қирғизистон низ бо такя ба Раёсати умури дохилии Бодканд хабар додааст, ки сарфи назар аз созиш барои оташбас тирпаронӣ миёни низомиён дар самти деҳоти Арка, Достук ва Жаштик идома дошта, сокинони деҳаи Максад ба ҷои амн кӯчонда шуданд. Манбаъ аз оташгирии дӯкону нуқтаи таъмини сӯзишворӣ дар Арка хабар додааст.

Ҷабборов шабона дар ҷои кор

Дар ҳамин ҳол Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон шаб дар ҷои кор да хонаи ҳукумат монд, изҳор дошт котибаш Галина Байтерек дар Facebook.
Ӯ мегӯяд, Ҷабборов ҳар соат охирин хабарҳоро аз вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дастрас мекунад.
 Избранный президент Кыргызстана Садыр Жапаров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷабборов тоҷиконро бародар гуфту ба сулҳ даъват кард
“Чизе, ки имрӯз дар Бодканд мегузарад, санҷиши сангине барои кишвару халқамон мебошад. Роҳбари давлат низ сахт нигарон аст, аз тақдири кишвару сокинонаш, махсусан онҳое, ки маҷруҳ шудаанд”, - навиштааст ӯ.

Тоқаев: барои мо ҳам тоҷикону ҳам қирғизҳо бародаранд

Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон, низ изҳорот додааст, ки аз даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нигарон мебошад. Ӯ баён доштааст, ки барои Қазоқистон халқи тоҷику қирғиз бародар мебошанд, ки таъриху арзишҳои муштарак доранд ва сулҳдӯстию таҳаммулпазирӣ хоси ҳар се давлат мебошад.
Ӯ аз созиши оташбас истиқбол карда, изҳори боварӣ намудаст, ки роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон аз худ хирадмандӣ нишон дода, масоили баҳсиро бо роҳи мусолиҳа ҳал хоҳанд кард.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тошканд гуфт, омодааст дар ҳалли низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон кумак кунад
“Аз ҷониби худ омодаам, тамоми талошро барои пайдо кардани роҳи ҳалли мавриди қабули ду ҷониб ва эҳёи эътимоди тарафайн равона созам. Имконпазир медонам, ки дар мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ механизми танзими чунин ҳодисаҳо таҳия шаванд”, - таъкид кардааст Тоқаев.

Такзиби ғасби деҳоти Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон

Замирбек Нодирбеков, ноиби аввали дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, бо нашри як изҳорот хабарҳо дар бораи ғасби деҳоти ин кишвар аз ҷониби нерӯҳои Тоҷикистонро рад кардааст.
“Ин иттилоъ дурӯғ ва иғво аст. Дар айни ҳол миёни мақомоти ду кишвар созиш барои оташбас аз соати 20:00 ва бозгашти нерӯҳо ба мақоми будубош ҳосил шудааст. Аз шаҳрвандон бори дигар даъват мекунам, ки ба иттилооти санҷиданашуда бовар накунанду маълумоти бардурӯғро паҳн насозанд”, - таъкид намудаст ноиби аввали дабири Шӯрои амният.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон санаи 28-уми апрел дубора шиддат гирифт. Сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз ба ҳам сангзанӣ кардаанд ва баъдан 29 апрел ба тирпарронӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишвар печидааст. Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0