Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Оташбас, музокирот дар Исфара ва рафтани Шоҳ Искандаров ба Ворух

© акс аз саҳифаи фейсбукии Иқбол ИлёсзодаГенерал-майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ бо либоси низомӣ
Генерал-майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ бо либоси низомӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Обуна шудан
Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар хатти марзии миёни Чоркӯҳу Ворух ва Бодканд оташбас эълон шуд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар Хоҷаи Аъло мегӯянд, фармони оташбас аз сӯи раҳбарияти Тоҷикистон ба хотири шурӯъи музокироти раҳбарони мақомоти қудратии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Исфара содир шудааст.
“Ҳоло дар шаҳри Исфара бо ширкати вазирони дифоъ, корҳои дохилӣ ва раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон музокирот идома доранд. Ҳама мунтазири натиҷаи ин музокиротем”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ин манбаъ, Муҳаммадшоҳ Искандарзода, сардори шӯъбаи вазорати корҳои дохилии шаҳри Бӯстон ва собиқ сардори ШКВД – и шаҳри Исфара, дар садри як гурӯҳи нерӯҳои вижаи ин ниҳод озими Ворух шудааст.
“Ин нерӯҳо ҳамин ҳоло аз Хоҷаи Аъло бо иттифоқи дигар ҷуву томҳои ҳукуматии Тоҷикистон ҳаракат карданд”, - гуфт манбаъ.
Пострадавший в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Исфара маълумот оид ба кушташудагону захмиёни муноқишаи марзиро гуфтанд
Дар ҳамин ҳол, сокинони Хоҷаи Аъло, деҳае, ки дирӯз аз он даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ шуданд, Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки хоҳони ҳар чӣ зуд ба поён расидани танишҳо ҳастанд.
“Ҳам мо ва ҳам ҳамсояҳои қирғизи мо бар инем, ки музокироти Исфара муваффақона анҷом шаванд ва ҷонибҳо ба як иттифоқи назар расанд, то мо ба зиндагии одӣ баргардем”, - гуфтанд онҳо.
Бино ба иттилои онҳо, дар ин деҳа се нафар аз мардуми мулкӣ ҷонҳои худро аз даст додаанд ва ҳудуди 20 нафари дигар захмӣ шуда, ба беморхонаи шаҳри Исфара интиқол ёфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0