Қайиқро бесоҳиб ёфта, моҳиҳоро ба дарё сар доданд: амалиёти экологҳо дар Суғд

© Раёсати экологияи СуғдКормандони Идораи ҳифзи муҳити зист, дар Суғд алайҳи шикори ғайриқонунии моҳӣ
Кормандони Идораи ҳифзи муҳити зист, дар Суғд алайҳи шикори ғайриқонунии моҳӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Обуна шудан
Кормандони Идораи ҳифзи муҳити зист дар Суғд алайҳи шикори ғайриқонунии моҳӣ дар ҳудуди дарёи Сир амалиёти фаврӣ-назоратӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Хуршед Саидов, сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зист дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зимни баргузории як чунин амалиёти назоратӣ дар соҳили Сирдарё, воқеъ дар деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов ахиран як ҳолати ғайриқонунӣ доштани моҳиҳо ошкор шудааст, вале кӣ ба ин кор даст задааст, маълум нест.
“Нозирон зимни санҷиш дар ҳудуди ҷамоати Деҳмой зиёда аз 200 метр тӯри моҳидорӣ, чангак ва як қайиқи резинии бесоҳибро мусодира намуда, моҳиҳои зиндамондаро ба об сард доданд”, - афзуд Саидов.
Раёсати ҳифзи муҳити зист қаблан ҳам дар бораи баргузории амалиёти шикори ғайриқонунии моҳӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодом воқеъ дар соҳили “Баҳри Тоҷик” хабар дода буданд.
Манзил барои муҳоҷирони экологӣ дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2020
Нахустин бор дар Суғд барои муҳоҷирони экологӣ манзили истиқоматӣ сохта мешавад
Ин ниҳод маълум намудааст, ки Акбар Тоҳиров, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул шудааст.
“Аз қуруқшикан 3 адад тӯрҳои моҳидорӣ ва 45 сар моҳиҳои гуногун, аз қабили суфмоҳӣ, нуқрамоҳӣ ва мормоҳӣ мусодира карда шудааст”, - иттилоъ медиҳад Идораи экология.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист ахиран қарореро содир намуд, ки тибқи он аз 1 апрел то 15 июн шикори моҳӣ дар кулу обанбор ва дарёҳои кишвар бо сабаби тухмгузории моҳиҳо манъ гардид.
Соли гузашта масъулони Идораи ҳифзи муҳити зист дар Суғд дар бораи ҷаримаи бештар аз 60 нафар хабар дода гуфта буданд, ки парвандаи шуморе аз теъдод, ки сокинони шаҳру ноҳияҳои Ашт, Б. Ғафуров ва Конибодом гуфта мешаванд бо моддаҳои 208 ва 230 и асноди маъмурӣ дар суд баррасӣ шуда, пардохти ҷарима тадбиқ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0