Нахустин бор дар Суғд барои муҳоҷирони экологӣ манзили истиқоматӣ сохта мешавад

© Мақомоти ХуҷандМанзил барои муҳоҷирони экологӣ дар Хуҷанд
Манзил барои муҳоҷирони экологӣ дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд нахустин бор барои муҳоҷирони экологӣ 72 манзили истиқоматӣ сохта мешавад. Аҳмадзода дастур дод, то ҷашни Ваҳдат хонаҳо барои зиндагӣ омода шаванд

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар маҳалаи 18-уми Мевағули шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон идома дорад.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии мақомоти шаҳри Хуҷанд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни як боздид аз ноҳияи 18-уми шаҳр бо раванди корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии 9 ошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ ошноӣ пайдо намудаанд.

Гуфта мешавад, ки бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

"Иншооти мазкур бо маблағгузории мақомоти шаҳри Хуҷанд барои муҳоҷирони экологӣ сохта мешавад. Дар умум 72 манзили истиқомати иборат аз 1,2,3 хуҷрагӣ бунёд мегардад. Пудратчии иншооти мазкур ҶДММ “Истиқлол ва КО” буда, сохтмончиён босамар кор карда истодаанд", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, дар корҳои сохтмонии мазкур феълан ҳудуди 60 нафар коргарон ба кор ҷалб гардида, музди маошашон 2 ҳазор сомонӣ мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастур додааст, ки то ҷашни Ваҳдати миллӣ иншоот пурра омода гардад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бори аввал аст, ки аз ҷониби мақомоти  шаҳри Хуҷанд барои муҳоҷирони экологӣ хона бунёд карда шуда, онҳо бо манзили зист таъмин мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0