Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

КДАМ Қирғизистон: вазъ дар марз бо Тоҷикистон то бегоҳ пурра ҳал мешавад

© Sputnik / Табылды КадырбековАрхивное фото Камчибека Ташиева
Архивное фото Камчибека Ташиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Обуна шудан
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, вазъ дар марз бо Тоҷикистон то бегоҳ пурра ҳал хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Қирғизистон ва Тоҷикистон имрӯз тасмим гирифтанд, ки нерӯҳояшонро аз хатти марзҳои давлатӣ бозпас гардонанд, менависад нашрияҳои маҳаллӣ бо истинод ба Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз музокирот изҳороти муштаракеро бо имзои роҳбари КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва намояндаи сиёсии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев интишор намуданд
Сироджиддин Мухриддин, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Муҳриддин: Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз заминҳое, ки ба ӯ тааллуқ доштанд, даст нахоҳад кашид
“Комиссияҳое, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ҶТ ва ҶҚ рухдода, таъсис ёфтаанд, сабабҳо ва оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карда, ба мувофиқа расиданд, ки даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуда, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ баргардонида шавад”, - таъкид шудааст дар изҳорот.
Инчунин дар ин изҳорот қайд шудааст, ки барои роҳ надодан ба ташаннуҷ чора андешида шуда, гурӯҳи кории муштарак барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи мӯътадил барои раванди музокироти судманд ба манфиати ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда шавад.
Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Изҳороти муштараки Тоҷикистону Қирғизистон
Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти 13 нафар гузориш дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтааст, аммо манобеи маҳаллӣ аз марги то 10 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 100 нафар хабар дода буданд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва танҳо 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд. Ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи назар дар истифодаи обу замин дар минтақаҳои наздимарзӣ шуда, баъзан бо маргу захмӣ шудани сокинон меанҷомад.
Лентаи хабарҳо
0