https://sputnik.tj/20210430/ittihodi-avrupo-otashbas-tojikiston-qirghiziston-1039165002.html
Истиқболи намояндаи Иттиҳоди Аврупо аз оташбас миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Истиқболи намояндаи Иттиҳоди Аврупо аз оташбас миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан масоили марзиро баррасӣ карданд
2021-04-30T00:19+0500
2021-04-30T00:19+0500
2021-04-30T00:19+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
иттиҳодияи аврупо
марз
муноқиша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103014/10/1030141081_0:15:3076:1745_1920x0_80_0_0_18fae4fee7c049453fbf37818a1b6124.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқти Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан бо шоми имрӯз доир гаштааст.Ба иттилои манбаъ, дар сӯҳбат вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд. Гуфта мешавад, намояндаи махсуси ИА дар Осиёи Марказӣ аз қарори оқилонаи роҳбарияти Тоҷикистон дар бораи ба даст овардани созиш бо давлати ҳамсоя дар бораи оташбас истиқбол кард ва омодагии ИА-ро барои дастгирии техникӣ дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар марз иброз дошт.Ёдовар мешавем, ки вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз сабаби насби дурбина дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, бадтар шудааст.Аввалин занозанӣ байни сокинони маҳаллӣ шоми 28 апрел рух дода.Бархӯрд миёни нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 29 апрел оғоз ёфт.Мақомотоҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин даргириҳо якдигарро айбдор карданд.Даргириҳо миёни низомиён то шом идома кард. Пас аз музокироти сатҳи баланд байни вазирони корҳои хориҷӣ ва сарвазирони ҷумҳуриҳо, қарор шуд, ки оташбас эълон карда шавад.
https://sputnik.tj/20210429/otashbas-muzokirot-isfara-shoh-iskandarov-1039164439.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103014/10/1030141081_196:0:2925:2047_1920x0_80_0_0_8dbf40a3b583f434b42754802712c1ab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иттиҳоди аврупо, тоҷикистон, қирғизистон, низоъ, оташбас
иттиҳоди аврупо, тоҷикистон, қирғизистон, низоъ, оташбас
Истиқболи намояндаи Иттиҳоди Аврупо аз оташбас миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан масоили марзиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқти Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан бо шоми имрӯз доир гаштааст.
Ба иттилои манбаъ, дар сӯҳбат вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.
"Вазири корҳои хориҷӣ дар бораи вазъи кунунии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон ва чораҳои андешидашуда оид ба бас кардани оташ ва созишнома дар бораи минбаъд ба эътидол овардани вазъ бо истифода аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ гузориш дод",- афзудааст котиботи Вазорати корҳои хориҷа.
Гуфта мешавад, намояндаи махсуси ИА дар Осиёи Марказӣ аз қарори оқилонаи роҳбарияти Тоҷикистон дар бораи ба даст овардани созиш бо давлати ҳамсоя дар бораи оташбас истиқбол кард ва омодагии ИА-ро барои дастгирии техникӣ дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар марз иброз дошт.
Ёдовар мешавем, ки вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз сабаби насби дурбина дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, бадтар шудааст.
Аввалин занозанӣ байни сокинони маҳаллӣ шоми 28 апрел рух дода.Бархӯрд миёни нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 29 апрел оғоз ёфт.
Мақомотоҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин даргириҳо якдигарро айбдор карданд.
Даргириҳо миёни низомиён то шом идома кард. Пас аз музокироти сатҳи баланд байни вазирони корҳои хориҷӣ ва сарвазирони ҷумҳуриҳо, қарор шуд, ки оташбас эълон карда шавад.